Омӯзиши ҳарбӣ, акс аз бойгонӣ

Дар Афғонистон ду тоҷик- аъзои ДИ дастгир шуданд

61
(Таҷдидшуда 14:18 21.01.2017)
Ҳамагӣ дар рафти ҳамлаҳо ба мақомҳои ифродгароён дар музофоти шарқии Нангархар чор нафар ҷангӣ ҳалок шуданд

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik.Дар Афғонистон дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоӣ ду нафар ҷангии тоҷик, ки ба гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ"(мамнӯъ дар Тоҷикистон) тааллуқ доштанд, кушта шуданд.

Дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоӣ ба музофоти шарқии Нангархар чор ҷангӣ нобуд карда шуданд, ки ду нафари он шаҳрванди Покистон ба ҳисоб мерафтанд.

Ба гуфтаи мақомоти амнияти маҳаллӣ ҳар чор нафар дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоӣ кушта шуданд, ки бо ёрии қувваҳои хориҷӣ амалӣ карда шуданд. Сокинони маҳаллӣ дар натиҷаи амалиёт зарар надидаанд, омадааст дар хабар.

Пештар вазорати мудофиаи Афғонистон амалиёти зиддитеррористии миқиёсӣ ба амал оварда буд. Дар натиҷа қувваҳои амниятии Афғонистон 57 ҷангиро дар минтақаҳои гуногуни кишвар нобуд карданд. Аз ҷумла дар ҳудудҳои сарҳадии Тоҷикистон- Қундуз террористон нобуд карда шуданд.

Якчанд нафари дигар ҷароҳат бардошта, қисме аз онҳо ба асирӣ гирифта шудаанд. Ҳамчунин як нафар қумандони "Толибон" кушта шуд.

Мувофиқи пешгӯии коршиносон соли 2017 таҳдиди террористӣ аз кишварҳои Осиёи Миёна ба Афғонистон мегузарад.

61
Барчаспҳо:
ҷангӣ, ДИ, шаҳрвандони Тоҷикистон, Афғонистон