Машқҳои низомӣ. Акс аз бойгонӣ

Ҳарбиёни рус дар Помир чормағзро нишон гирифтанд

529
Қисми снайперчиёни пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон дар Помири шарқӣ тавассути нишонгирӣ ба чормағз тамрин карданд

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон ҳуҷум ба нишонҳои ноайёнро дар Помири шарқӣ машқ карданд. Ба сифати нишон ҳарбиёни рус чормағзро истифода бурданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Округи ҳарбии марказӣ.

"Дар баробари нишонҳои стандартӣ, ки дар масофаи 800 метр ҷойгир карда шуданд, тирпаронҳо ҳуҷум ба ҷимсҳои ноайёнро дар минтақаҳои кӯҳӣ машқ карданд. Ба сифати нишони ноайён низомиён чормағзро дар масофаи 150 метр истифода бурданд",-омадааст дар хабарнома.

Муофиқи маълумоти ОҲМ ҳарбиёни пойгоҳи 201-уми Русия, ҳамчунин ҳаракати пинҳонӣ дар релефи мураккаб ва ҳуҷуми ҷавобӣ тариқи снайперро машқ карданд.

Пойгоҳи низомии 201- таркиби бузургтарин қувваҳои мусаллаҳи Русия берун аз марзи он шинохта мешавад. Мувофиқи созишномаи соли 2012 аз ҷониби ду президент (ҶТ ва ФР) ба имзо расида, ин пойгоҳ то соли 2042 дар ҳудуди Тоҷикистон фаъолият хоҳад кард.

То соли 2015 қисмҳои алоҳидаи пойгоҳи низомии 201 дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғантеппа ва Кӯлоб ҷойгир шуда буданд. Аввалҳои моҳи декабр полки 149-ум аз шаҳри Кӯлоб ба мавзеъи Лоҳури Душанбе кӯчонида шуд.

529
Барчаспҳо:
машқ дар кӯҳҳо, тамринҳои низомӣ, нишонгирӣ, пойгоҳи 201 Русия дар Тоҷикистон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Низомиёни пойгоҳи 201-ум аз рӯи пухтани оши палав сабқат карданд
Низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия дар кӯҳҳо озмоиш мекунанд

Нигаронии Маҳмудзода аз вазъи ноороми Қарабоғи Кӯҳӣ

84
(Таҷдидшуда 21:00 29.09.2020)
Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода дар робита ба вазъияти Қарабоғи Кӯҳӣ изҳори нигаронӣ кард

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода ва Котиби Шӯрои амнияти Арманистон Армен Григорян телефонӣ суҳбат карданд, хабар медиҳад, хадамоти Шӯрои амнияти кишвар.

Ҳамин тавр, Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода дар робита ба вазъияти Қарабоғи Кӯҳӣ изҳори нигаронӣ кард. Маҳмудзода ҳалли мусолиматомези вазъи Қарабоғро таъкид кард.

Дар навбати худ, Григорян таъсири манфии Туркияро ба амнияти минтақавӣ қайд кард.

Вазъияти Қарабоғи Кӯҳӣ

Аз саҳнаи даргириҳои низомӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ, маълумоти зиддунақиз мерасад.

Озарбойҷон ва Арманистон якдигарро дар аввали даргирӣ гунаҳкор мекунанд.

Дар ин росто, рӯзи душанбе дар Озарбойҷон омодагии пурраи ҳарбӣ эъло шуда, Илҳом Алиев президенти ин кишвар дар як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазъи ҳарбӣ ҷорӣ кард.

Дар Арманистон як рӯз пеш вазъияти низомӣ эълон карда шуд.

Даргириҳо дар ин манотиқ рӯзи 27 сентябр оғоз шуд.

84
Барчаспҳо:
баррасӣ, даргирӣ, вазъият, Қарабоғи Кӯҳӣ

Миёнаравии Русия барои қатъи мухолифати мусаллаҳонаи Арманистону Озорбойҷон

323
Вазорати умури хориҷии Русия тамоми талошашро равона мекунад, то мухолифати мусаллаҳона миёни Озарбойҷону Арманистон бартараф карда шавад

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, гуфтушунидҳо дорад, то Арманистону Озарбойҷон сари мизи музокирот нишинанд, хабар дод намояндаи расмии ВУХ Русия, Мария Захарова.

Лавров аллакай бо ҳамтоёнаш аз Арманистону Туркия гуфтушунид карда, дар назар аст, чунин як суҳбат бо ҷониби Озорбойҷон низ анҷом дода шаавад. Манбаъ афзуд, Русия миёнаравияшро барои ба эътидол овардани вазъ миёни Озорбойҷону Арманистонро идома медиҳад.

То ҳол ҷонибҳоро борҳо ба қатъи даргириҳои мусаллаҳона даъват карда буданд. Аз ҷумла бо чунин даъватҳо ба ҷониби Арманистону Озорбойҷон намояндагони Австрия, Фаронса, Олмон, Гурҷистон ва инчунин намояндаҳои Шӯрои Аврупо, СААД ва САҲА муроҷиат карда буданд.

Ба ҷонибҳои даргир инчунин Попи Рум зимни мавъизаи анъанавияш муроҷиат намуда, даъват кард, ки қадамҳои мушаххас сӯи бародарӣ ва ҳалли мушкилоти мавҷуда бидуни истифода нерӯ, гузошта шавад.

Шаби гузашта мухолифати мусаллаҳона миёни Арманистону Озорбойҷон рух дод. Ҳарду ҷониб якдигарро дар шиддат гирифтани мухолифат муттаҳам карданд.Ин даргирӣ миёни аҳолии осоишта низ маҷруҳ ва ҳалокшудаҳо барҷой гузошт.

Роҳбари ҷумҳурии эътирофнашудаи Қарабоғи куҳӣ ҳолати низомӣ эълон кардааст. Ҳукумати Арманистон низ дар кишвар ҳолати низомӣ эълон намудааст.  

323
Барчаспҳо:
Озарбойҷон, Арманистон, Русия
Федеральный канцлер Германии Ангела Меркель

Чаро Меркел пинҳонӣ бо Навалний дидор кард?

0
(Таҷдидшуда 20:12 29.09.2020)
Рӯзномаи “Der Spiegel” хабар додааст, ки канслери Олмон Ангела Меркел дар беморхонаи Шарите дар Берлин бо як сафари махфӣ аз Алексей Навалний хабар гирифтааст

ДУШАНБЕ 29 сен – Sputnik. Нашрияи “Der Spiegel” навиштааст, ки Ангела Меркел, нахуствазири Олмон ба таври махфӣ дар бемористони Шаритеи Берлин Алексей Навалний мухолифи давлати Русияро аёдат кардааст.

Алекей Навалний низ дар саҳифаи Твиттер худ, гузориши нашрияи Олмонии Шпигел дар хусуси дидор бо Ангела Меркелро таъйид кард ва навиштааст, ки ин дидор як ҷаласаи хусуси ва гуфтугӯ бо хонавода буд.

Ёдарс мешавем, ки 20 август Алексей Навалний дар роҳи бозгашт аз шаҳри Омск ба Москва дар ҳавопаймо дучори мушкили ҷисмонӣ шуд ба навъе, ки ҳавопаймо ночор ба фуруди изтирорӣ дар шаҳри Томск шуд.

Сипас баъд аз беҳтар шудани вазъи саломатиаш оқои Навалний барои муолиҷа ба Олмон мунтақил шуд ва давлати Олмон эълом кард, ки бар асоси натоиҷи як озмоишгоҳи низомӣ дар ин кишвар, Алексей Навалний бо унсуре аз гурӯҳи маводи кимёии фалаҷкунанда мавсум ба"Навичок" масмум шудааст.

Аммо Вазорати хориҷаи Русия гузоришҳои олмониҳо дар бораи  Навалниро беасос донист.

Ахиран бемористони Шарите, ки дар шаҳри Берлин қарор дорад, рӯзи душанбе эълом кард,ки вазъият саломатии Алексей Навалний беҳбуд ёфт ва ӯ аз бемористон ҷавоб шуд.

0
Барчаспҳо:
сафар, мухолиф, рӯзнома, беморхона, махфӣ, хабар, бемористон, Олмон, Ангела Меркел