Сӯхтори “Амонатбонк”-ро 10 бригадаи оташнишонӣ хомӯш карданд

© Sputnik / Евгений Епанчинцев / Гузариш ба медиабонкКорманди МЧС. Акс аз бойгонӣ
Корманди МЧС. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сӯхтор дар бинои марказии “Амонатбонк”-и шаҳри Душанбе бо қувваи оташнишонон ва намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода хомӯш карда шуд

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Оташнишонони тоҷик сӯхтор дар бинои "Амонатбонк"-ро хомӯш карданд. Ба ҷои ҳодиса 10 бригадаи оташнишонӣ, наҷотдиҳандагони КҲФ ва кормандони ВКД ҳозир шуданд.

Ҳамаи кормандони бонк сари вақт аз бино бароварда шуданд. Хабар дода мешавад, ки боми бино пурра валангор шудааст. Ҳаҷми зиёни моддӣ ба бонк ҳоло ҳисоб карда нашудааст. Ҳеҷ як аз кормандони бонк зарар надидааст.

Пагоҳ, 22 феврали соли 2017 "Амонатбок" ба идомаи кор ва қабули мизоҷон омода аст. Дар айни замон сабабҳои сӯхтор маълум карда мешавад.

Қаблан хабар дода шуд, ки дар бинои марказии "Амонатбонк" дар шаҳри Душанбе сӯхтор ба амал омад.

Лентаи хабарҳо
0