Пешвозгирии аскарон.

Бозгашт ба Шуравӣ: қарори Рустам Эмомалӣ оиди пешвоз ва гусели бошукӯҳи сарбозон

736
(Таҷдидшуда 11:59 30.03.2017)
Сарпарасти шаҳрдории Душанбе Рустам Эмомалӣ бо имзои як қарор масъулинро муваззаф кардааст барои тозасарбозон маросими бошукӯҳи гусел ба артиш баргузор кунанд

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Фарохони хидмати низомӣ ва анҷоми сарбозӣ барои шаҳрвандони зодашуда дар солҳои 1990 — 1999 бо маросими бошукӯҳ баргузор карда хоҳад шуд.

Бино ба иттилоъи равобити умуми шаҳрдории Душанбе, Рустам Эмомалӣ масъулинро муваззаф кардааст, "гусел намудани даъватшавандагон ба қисмҳои ҳарбӣ ва муташаккилона пешвоз гирифтани хизматчиёни ҳарбиеро, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд бо шукӯҳ ба роҳ монанд".

Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҳамчунин муваззаф шудаанд, ки 10 корманди фанниро дар ихтиёри калонтариҳои низомӣ қарор диҳанд то "доир ба ташкил ва баргузории чорабиниҳои "Рӯзи даъватшаванда", тағрибу ташвиқи хизмати ҳарбӣ ва муқаррароти конститутсионӣ дар бораи вазифаҳои муқаддаси шаҳрванд оид ба ҳифзи Ватан тадбирҳо андешанд".

Комиссари низомии шаҳри Душанбе муваззаф шудааст, ки то якуми июн ҳар даҳрӯза дар бораи раванди даъвати шаҳрвандон ба хидмати низомӣ ба шаҳрдорӣ гузориш диҳад.

736
Барчаспҳо:
сарбозгирӣ, пешвози бошукӯҳ, соли таваллуди 1990-1999, даъвати наваскарон, Сарпарасти шаҳрдории Душанбе, Рустами Эмомалӣ, Тоҷикистон
Мавзуъ
Раисҷумҳур шаҳрвандонро ба хидмат дар Неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон фаро хонд