Гулмурод Ҳалимов кушта шуд

© Кадр из YouTubeГулмурод Ҳалимов, акс аз бойгонӣ
Гулмурод Ҳалимов, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба гузориши расонаҳо, фармондеҳи пешини Нерӯҳои ошӯбнишони ВКД Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов дар паи ҳамлаи ҳавоӣ дар Ироқ кушта шудааст

ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Гулмурод Ҳалимов, яке аз фармондеҳони баландпояи созмони теруристии "Давлати исломӣ" ё ДОИШ, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъст, дар шаҳри Мавсил кушта шудааст. 

Нашрияи бритонии "The Times" бо такя ба манобеъи худ дар Ироқ рӯзи 15 апрел хабар дод, ки "вазири ҷанги ДОИШ" Гулмурод Ҳалимов чанде пеш дар яке аз бахшҳои ғарбии Мавсил — охирин пойгоҳи ДОИШ дар Ироқ — дар паи ҳамлаи ҳавоӣ кушта шудааст.​

Ёдоварӣ мекунем, ки ВКД Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимовро пас аз пайвастанаш ба ДОИШ дар апрели 2015 ва сар дароварданаш аз Сурия дар пайгарди қонун қарор дода буд. Вай пеш аз фирораш дараҷаи сарҳангӣ дошт ва фармондеҳи Нерӯҳои ошӯбнишони ВКД Тоҷикистон буд. Расонаҳои ироқӣ дар сентябри 2016 хабар дода буданд, ки ДОИШ ӯро фармондеҳи нерӯҳояш дар шаҳри Мавсил таъйин кардааст. Амрико барои иттилоъ дар бораи маҳалли будубоши ӯ 3 милюн дулор подош ваъда карда буд. ​

Бино ба гузоришҳо аз Ироқ, Гулмурод Ҳалимов созмондиҳандаи хатти дифоъии ДОИШ дар Мавсил буд. Ӯро бо "гурдони тоҷикӣ" ҳам пайванд медоданд, ки гуфта мешуд, яке аз сарсахттарин нерӯҳои ҳаросафканон дар Ховари Наздик аст.

Расонаҳо ҳамчунин аз кушта шудани Абдулло ал-Бадронӣ ва Абуаюб ал-Аттор дар Мавсил хабар додаанд.

Низомиёни Ироқ ва нерӯҳои эътилофи байнулмилалӣ ба раҳбарии Амрико аз моҳи октябри 2016 амалиёти озодсозии Мавсил аз ДОИШ-ро баргузор мекунанд, ки дар паи он бахшҳое аз шаҳр аз теруристҳо бозпас гирифта шудаанд. 

Лентаи хабарҳо
0