Ҷаласа дар ВКД ҶТ: аз камкории нозирони минтақаӣ то супоришҳои вазир

© Предоставлено Мавзуной АбдуллоевойРамазон Рахимзо. Акс аз бойгонӣ
Рамазон Рахимзо. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҷаласае, ки дирӯз ба раёсати вазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо кормандони нерӯҳои интизомӣ баргузор шуд, камбуди кори нозирони минтақаӣ ошкор шуд ва масъулин супоришҳои мушаххас дарёфт карданд

ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik.  Бино ба иттилоъи равобити умуми вазорати корҳои дохилиии Тоҷикистон, дирӯз дар вазорат ҷаласаи баррасии фаъолияти нерӯҳои интизомии кишвар баргузор шуд.

Пулиси тоҷик, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Вазифаи нави милисаҳои тоҷик: “ҳар моҳ бояд театр раванд”

Дар рафти ҷаласа муовинони вазир самтҳои гуногуни фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро таҳлил карда, дар бораи фаъолияти нозирони минтақаӣ ва дигар кормандон ба вазир гузориш доданд. 

Гузоришгарон таъкид карданд, ки бархе аз нозирони минтақаӣ дар заминаи огаҳирасонӣ ва тавзеҳдиҳӣ ба мардум камкорӣ мекунанд.

Вазири корҳои дохилӣ сипаҳбад Рамазон Раҳимзода бар пояи ин гузоришҳо барои бартараф кардани камбуду норасоиҳо дар фаъолияти хидматӣ, пешгирӣ ва мубориза бо табаҳкориҳои созмонёфта, теруризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, базаҳкории кӯдакону ҷавонон ва пайвастани шаҳрвандон ба ҳизбу созмонҳои ғайриқонунӣ дастуру супоришҳо дод.

 

© Фото : Ах равобити умуми вазорати корҳои дохилии ҶТҶаласаи назди вазири корҳои дохилии ҶТ
Ҷаласаи назди вазири корҳои дохилии ҶТ - Sputnik Тоҷикистон
Ҷаласаи назди вазири корҳои дохилии ҶТ
Лентаи хабарҳо
0