Толибон. Акс аз бойгонӣ

Толибон вулусволии Қалъаи Зол дар марз бо Тоҷикистонро гирифт

98
(Таҷдидшуда 12:35 07.05.2017)
Мақомоти маҳаллии вилояти Кундуз мегӯянд, ки бомдоди имрӯз дар паи даргирӣ миёни Толибон ва нерӯҳои давлатии Афғонистон ноҳия ё вулусволии Қалъаи Зол дар марз бо Тоҷикистон ба дасти ҳаросафканон уфтод

ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Ҷангҷӯёни гурӯҳи ҳаросафкани "Толибон" вулусволии Қалъаи Золро, ки бо ноҳияҳои Ҷайҳун, Дӯстӣ, Қубодиён ва Шаҳритус дар вилояти Хатлон ҳаммарз аст, аз нерӯҳои ҳукумати Афғонистон ситондаанд.

Асадуллоҳ Содот, узви Шурои вилоятии Кундуз, гуфтааст, ки имрӯз субҳ вулусволии Қалъаи Зол комилан ба дасти Толибон афтод.

Вай афзуд, ки се посгоҳи амниятӣ дар ин вулусволӣ дар муҳосираи Толибон қарор дошт, ки нерӯҳои амниятӣ тавонистанд муҳосираи дутояшонро бишикананд, вале нерӯҳои посгоҳи севум ба дасти Толибон асир шуданд ва то кунун дониста нест ки сарнавишташон чи шуда аст.

Содот ҳамчунин гуфт, ки дар паи даргириҳо дар ин вулусволӣ даҳҳо хонавода беҷо шудаанд.

98
Барчаспҳо:
марз, Толибон, Асадуллоҳ Содот, Қалъаи Зол, Кундуз, Хатлон, Афғонистон
Мавзуъ
Коршинос: Толибон нерӯе надорад, ки дар Бадахшон биҷангад
Наздикии хатарнок: марзбонони тоҷик аз пешрафти Толибон нигарон шуданд
Толибон як пойгоҳи артиши Афғонистонро дар Балх торумор кард