Сарбозони амрикоӣ роҳбари ДОИШ-ро дар Афғонистон нобуд карданд

© Sputnik / Александр Имедашвили, STF / Гузариш ба медиабонкСовместные военные учения вооруженных сил Грузии и США "Достойный партнёр"
Совместные военные учения вооруженных сил Грузии и США Достойный партнёр - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пайи баргузории корҳои вижаи ҷустуҷӯӣ сарбозони амрикоӣ дар якҷоягӣ бо нерӯҳои Афғонистон роҳбари "Давлати исломӣ" дар Афғонистон Абулҳасибро нобуд карданд

ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Бино ба иттилоъи Пентагон ин воқеъа зимни гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ аз ҷониби нерӯҳои Амрико ва Афғонистон ба вуқӯъ пайваст.

Худи амалиёти зидди ҷанговарон рӯзи 27 апрел баргузор шуд, вале натиҷаҳои он то ин дам махфӣ нигоҳ дошта мешуд.

مسوول نظامی طالبان در کندز بازداشت شد - Sputnik Тоҷикистон
Як фармондеҳи калидии Толибон дар шимоли Афғонистон боздошт шуд

Бино ба додаҳои кумитаи тафтишотии Амрико маҳз Абдулҳасиб дар чандин ифриҷорҳои ахир дар Афғонистон ҷавобгар будааст. Аз ҷумла ҳуҷуми ҷагиён ба бемористон, ки ҷони зиёда аз 30 нафарро рабуд ва таркиш дар назди коргоҳи Амрико дар Афғонистон, ки рӯзи 2 май ба вуқӯъ пайваст. Дар ин таркиш наздики 10 нафар ҳалок ва зиёда аз 28 кас захмӣ шуда буд.

Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи радикалии "Толибон" низ дар вақтҳои охир дар марз бо Тоҷикистон фаъол шуданд.

Чанде пеш бархе аз расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд, ки дар ноҳияи марзии Тоҷикистон, дар вокуниш бо ҳамлаи гурӯҳи "Толибон" ба вулусволии Зебок ва ишғоли он, вазъи изтирорӣ эълом шудааст.

Бино ба иттилоъи сухангӯи Фармондеҳии Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев, марзбонон вазъ дар ноҳияи Ишкошимро, ки бо вулусволии Зебок ҳаммарз аст, зери назорат доранд.

"То кунун гурӯҳҳои мусаллаҳ ҳеч кӯшише барои гузор аз марз бо Тоҷикистон накардаанд. Ҳамчунин ҳеч талоше таҳрикомезу ҷангҷӯёна аз он сӯ нашудааст. Вазъ дар маркази ноҳияи Ишкошим ором аст", — гузориш дод Улуғхоҷаев.

Гуфта мешавад, ки ҳамакнун нерӯҳои давлатии Афғонистон кӯшиш доранд Зебокро аз Толибон бозпас бигиранд.
Вале "Толибон" пештар эълом карда буд ки амалиёти баҳориеро ки "Мансурӣ" номгузорӣ шуда, оғоз намуда ва қасд дорад минтақаи фармонравоияшонро дар Афғонистон густариш бидиҳад.

Лентаи хабарҳо
0