Ҳуҷуми мушакҳо ба ҷангиёни Давлати исломӣ

Нерӯҳои дарёии Русия сангарҳои "Давлати исломӣ"-ро дар Сурия мушакборон карданд

79
(Таҷдидшуда 11:37 01.06.2017)
Поснови "Адмирал Эссен" ва зердарёии "Краснодар" аз Нерӯҳои дарёии Русия дар дарёи Миёназамин сангарҳои ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ" дар Сурияро бо мушакҳои болдори "Калибр" нобуд карданд

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Вазорати дифоъи Русия аз партоби чаҳор мушаки "Калибр" аз дарёи Миёназамин ба сангарҳои ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ" дар Сурия хабар дод.

Гуфта мешавад, ки ҳар чаҳор мушак ба нишон расидаву сангарҳоро нобуд кардаанд.

© Фото : Минобороны РФ
Пуск ракет "Калибр" по позициям ИГ*
79
Барчаспҳо:
партови мушакҳо, вазорати мудофиа, Сурия
Поисковая экспедиция на месте где были бои во время Великой Отечественной войны 1941-45 годов, архивное фото

Ҷасади Раҷабов, куҳансарбози тоҷик, дар Калининград ёфт шуд: кӣ мешиносад?-видео

1129
(Таҷдидшуда 15:51 09.07.2020)
Ҷасади боз як сарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ноҳияи Зеленоград пайдо карда шуд, ки ба гуфтаи ҷустуҷӯгарон аз Тоҷикистон мебошад

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Гуруҳҳои ҷустуҷӯии "Совест" дар минтақаҳое, ки ҳангоми амалиёти Пруссияи шарқӣ задухӯрдҳо сурат гирифтаанд, кор карда,  дар ноҳияи Зеленоград ҷасади боз як сарбози ҶБВ-ро пайдо намуданд, хабар дод шабакаи телевизионии  "Вести-Калининград".

Муайян шудааст, ки сарбози ҳалокгардида Каримҷон Раҷабов аз Тоҷикистон будааст.

Сарбозони 100 – солаи ҶБВ аз Тоҷикистон: кӣ 75 – умин солгарди Ғалабаро ҷашн мегирад?

“Раҷабов зодаи Тоҷикистон мебошад. Феълан ба макони таваллуд ва даъваташ дархостҳо равон карда шудаанд. Умедворем, ки наздиконаш пайдо шаванду мо тавонем мукофоти ҷангияшро ба онҳо супорем. Шояд онҳо бихоҳанд, ки боқимондаҳо дар ватан ба хок супорида шаванд”, - изҳор дошт Руслан Хисамов, роҳбари гуруҳи ҷустуҷӯӣ дар гузориши телевизионӣ.

Қаблан дар ин минтақа ҷасади 7 сарбозеро пайдо карданд, ки аз пораҳои гулӯлаҳои  артиллерӣ ба ҳалокат расидаанд.

1129
Барчаспҳо:
сарбоз, Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Тоҷикистон
Пистолет

27 ҳазор сомонӣ - хариди таппонча бо садохомӯшкунак дар Хуҷанд-видео

1228
(Таҷдидшуда 21:30 19.06.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 57-сола дар шаҳри Хуҷанд хабар додаст, ки дар фурӯши силоҳи ҷангӣ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik.  Тибқи гузориши ВУД Тоҷикистон, дар пайи як амалиёти шартӣ аз марди муттаҳам ба ивази 27 ҳазор сомонӣ таппончаи Макаров бо таҷҳизоти садохомӯшкунак харида шуд.

Муайян гардид, ки муттаҳами 57-сола, зодаи шаҳри Конибодом ва сокини шаҳри Хуҷанд, санаи 25-уми майи соли равон аз афроди номаълум таппончаро гирифтааст.

ВУД таъкид кард, ки шахсияти айбдоршаванда ба далели халал нарасондан ба тафтишот феълан ифшо намешавад.

Мирвосид Давлатализода, муфаттиши мақомот, дар гузориш изҳор дошт, ки таппончаи мусодирашуда, соли истеҳсолаш 1987 буда, коршоям мебошад.

ВУД афзуд, ки феълан истифодаи силоҳи ҷангии мазкур дар дигар ҷиноятҳо ташхис мешавад.

1228
Барчаспҳо:
қочоқи нафт, силоҳ, Тоҷикистон
Люди в масках в городе

Омори ҷадиди фавт, сироят ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон давоми як рӯз

0
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори ҷадиди фавт сироят ва шифоёбӣ аз маризии сироятии коронавирусро мунташир намуд

ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 49 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардидааст, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ.

Ба ҳамин минвол, шумораи умумии гирифторон ба маризии коронавирус аз 30 - юми апрел то 11 - уми июл ба 6 505 нафар баробар аст.

Баъди марги боз як нафар: сироятёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон коҳиш ёфт - омори расмӣ

Манбаъ меафзояд, то имрӯз дар мамлакат 5176 нафар ё худ 79,5 дарсади гирифторони COVID-19 шифо ёфтаанд. Ҳамчунин шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт аз коронавирус дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта нашудааст ва теъдоди умумии қурбониён 55 нафар арзёбӣ мешавад.

"Шабонарӯзи охир 196 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 61 нафар пас аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд", — таъкид мешавад дар хабар.

Имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

0
Барчаспҳо:
омор, Тоҷикистон, вазорати тандурустӣ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон