Дастгири ҷинояткор. Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон ва Бритониё одамфурӯшонро бозҷӯӣ хоҳанд кард

122
(Таҷдидшуда 12:20 13.06.2017)
Тоҷикистону Бритониё дар заминаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта, теруризм ва одамфурӯшӣ ҳамкорӣ хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ВКД ҶТ дирӯз, намояндагони вазорат бо роҳбари минтақаии Ожонси миллии зидди ҷиноятҳои Бритониё Фред Ҳеллон дидор карданд.

Сардори раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД Зумрад Абдуллозода барои ҳамкорӣ бо ин созмон изҳори омодагӣ кард.

Дар ин мулоқот тарафҳо тавофуқ карданд, ки ҳамкориро дар мубориза бо ҷиноятҳои байналмиллалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва одамфурӯширо густариш диҳанд.

Ҳамчунин қарор шуд дар заминаи мубодилаи иттилоъоту таҷрибаи корӣ, донишафзоии кормандон низ ҳамкориро ба роҳ андозанд.

122
Барчаспҳо:
ҷустуҷӯи ҷинояткорон, ҳамкорӣ, ВКД-и Тоҷикистон, Бритониё, Тоҷикистон
Мавзуъ
Кӯмаки Бритониё барои наҷоти тоҷикон: худравҳои оташнишонӣ ва ёрии таъҷилӣ