Акс аз навор. Гулмурод Ҳалимов

Селфии Гулмурод бо духтараш: аз акс чиро метавон муайян кард?

361
Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи фирории Тоҷикистон дар интернет акси наверо ҳамроҳи духтараш ҷой додааст

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Селфии нави Ҳалимов бо духтараш собит мекунад, ки зани дувуми ӯ бо чор фарзандаш вориди Сурия шудаанд, хабар медиҳад ТоҷикТА.

Бино бар иттилои манбаъ, зани дувуми Ҳалимов баҳори соли гузашта бо фарзандонаш Тоҷикистонро тарк карда буд.

Аксҳои нави Ҳалимов рӯзи 31-уми июл дар расонаҳои хабарӣ мунташир шуданд.
" Дар яке аз аксҳо Ҳалимов бо мӯву риши дароз, дар миёни пайкорҷӯёни ДОИШ ҳузур дорад. Акси дувум — селфи  бо духтарчаи зани дувумаш мебошад ва маълум нест, ки аксҳо кай ва дар куҷо бардошта шудаанд",- гуфта мешавад дар хабар.

 

 

Дар моҳи феврали соли гузашта расонаҳои хабарӣ гузориш доданд, ки Ҳумайро Мирова сухангӯи пешини Хадамоти гумруки Тоҷикистон, зани дувуми Гулмурод Ҳалимов бо чаҳор фарзандаш назди шавҳараш ба Сурия рафтааст.

Гулмурод Ҳалимов сарҳангу фармондеҳи пешини Нерӯҳои ошӯбнишони ВУД Тоҷикистон буд, ки соли 2015 аз Тоҷикистон фирор карду ба гурӯҳи тундрави ДОИШ пайваст. Пас аз он ки вай дар паёме видеоӣ пайвастанаш ба ДОИШ-ро эълом кард, Интерпол номашро дар феҳристи пайгарди байналмилалӣ сабт кард.

Дар баҳори соли 2017 бархе аз расонаҳо дар бораи кушта шуданаш хабар доданд. Аммо ВКД Тоҷикистон марги ӯро таъйид накард ва эълом кард ки дар ин замина бозҷӯӣ хоҳад кард.

361
Барчаспҳо:
акс, селфӣ, Гулмурод Ҳалимов, Сурия, Тоҷикистон
Президент РФ В. Путин

Муфид аст: шарҳи Путин дар бораи ҳузури ИМА дар Афғонистон

264
(Таҷдидшуда 17:43 25.10.2020)
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ҳузури низомиёни амрикоиро дар Афғонистонро истиқбол карда, аз ҳамкории ду кишвар дар сатҳи хадамоти махсус тавсиф намуд

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон аз нигоҳи амниятӣ муфид мебошад, изҳор дошт Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия.

“Ҳузури ИМА дар Афғонистон барои амният муфид мебошад”, - гуфт роҳбари Русия.

Путин инчунин таъкид кардааст, ки Русия аз ҳамкорӣ бо ИМА дар бахши мубориза бо терроризм қаноатманд мебошад.

Ӯ афзуд, ки маълумоти ироанамудаи Вашингтон борҳо имкон дод, ки ҳамлаҳои террористӣ дар қаламрави Русия ҷилавгирӣ шаванд.

“Сарфи назар аз мухолифатҳои зиёд дар бахшҳои гуногун, ҳамоно ҳамкорӣ дар сатҳи хадамоти махсус идома дорад... Дар баробари ин амрикоиҳо ба мо маълумоти зиддитеррорро ироа мекунанд”, - илова намуд Путин.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури ИМА, дар оғози моҳи марти соли равон дар бораи бидуни таъхир хориҷ кардани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон изҳорот дода буд. Аз ҷумла дар назар буд, ки теъдоди низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон тайи 135 рӯз аз 12 ҳазор нафар то 8,6 ҳазор нафар коҳиш дода шавад. Интизор мерафт, ки то интихоботи раисиҷумҳури ИМА теъдоди сарбозони ин кишвар дар Афғонистон ба 4-5 ҳазор нафар баробар карда мешуд.

264
Барчаспҳо:
Владимир Путин, ИМА, Путин, Русия
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон встретился с командующим Центральным командованием вооруженных сил США генералом Кеннетом Ф. Маккензи

Раҳмон ва генерал Маккензӣ амнияти Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд

386
(Таҷдидшуда 00:01 23.10.2020)
Ҷонибҳо атрофи вазъи кунунӣ дар Афғонистон мубодилаи афкор намуда, раванди музокироти сулҳро муҳокима карданд

ДУШАНБЕ, 22 окт – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фармондеҳи Фармондеҳии Марказии Қувваҳои Мусаллаҳи ИМА генерал Кеннет Ф. Маккензӣ, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, дидору мулоқот кард.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, дар рафти мулоқот як қатор масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, бахусус дар соҳаи амниятӣ, баррасӣ гардиданд.

Дар ин зимн ба мавзӯъҳои мубрами таъмини сулҳу суботи минтақавӣ ва хатару таҳдидҳои глобалии амниятӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи вазъи кунунӣ дар Афғонистон мубодилаи афкор анҷом дода, раванди музокироти сулҳро дар ин кишвари ба мо ҳамҷавор муҳокима карданд.

Раҳмон таъкид карда, ки ҷараёни рушди вазъият дар Афғонистони ҳамсоя пайваста дар маркази диққат қарор дорад ва Тоҷикистон аз талошҳои Ҳукумати Афғонистон дар самти истиқрори сулҳу суботи пойдор дар кишвар ҳамеша ҷонибдорӣ менамояд.

Манбаъ афзуда, ки дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо, ҳамчунин, роҷеъ ба дигар ҷанбаҳои муносибатҳои Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ибрози ақида намуда, алоқамандиашонро ба таҳкиму тақвияти ҳамкориҳояшон дар самти муборизаи муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ қайд кардаанд.

386
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, ИМА, мулоқот, дидор, Тоҷикистон
Новая операционная в районой больнице №5 в джамоате Далион Боло Деваштичского района

Дар вилояти Суғд 459 иншооти соҳаи тандурустӣ таъмир мегардад

0
(Таҷдидшуда 20:35 31.10.2020)
Дар нӯҳ моҳи соли равон дар вилояти Суғд, сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири 64 оншооти тандурустӣ ба итмом расонида шудааст

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Ба муносибати ҷашни 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон дар вилояти Суғд давоми солҳои 2019-2021 сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири 459 иншооти соҳаи тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ, аз ин шумора 64 адад беморхонаҳо, 118 адад бунгоҳҳои саломатӣ, 86 адад марказҳои саломатӣ, 18 адад таваллудхонаҳо, 101 адад нуқтаҳои хатна ва 72 адад дорухонаҳо мебошанд.

Бино ба иттилои Раёсати тандурустии вилояти Суғд, соли 2020 бояд, 123 адад иншооти соҳаи тандурустӣ , аз ҷумла 15 адад беморхонаҳо, 39 адад бунгоҳҳои саломатӣ, 20 адад марказҳои саломатӣ, 5 адад таваллудхонаҳо, 13 адад нуқтаҳои хатна ва 31 адад дорухонаҳо бо маблағгузорӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру тармими онҳо ба итмом расонида шавад.

"Дар нуҳ моҳи соли равон сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру тамими 64 адад иншоотҳои тандурустӣ, аз ҷумла 10 адад беморхонаҳо, 16 адад бунгоҳҳои саломатӣ, 14 адад марказҳои саломатӣ, 2 адад таваллудхона, 8 адад нуқтаҳои хатнаи кӯдакон ва 14 адад дорухонаҳо ба итмом расонида шудааст", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки ба муносибати истиқболи сазовори 30-солагии истиқлол корҳои ободонию созандагӣ, сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру тармим дар тамоми муассисаҳои тандурустии вилоят идома дорад.

0
Барчаспҳо:
азнавсозӣ, таъмир, беморхона, Суғд