Рахмон Юсуф Ахмадзод генеральный прокурор РТ, архивное фото

Додситони кулли ҶТ: Теруристҳо афв нахоҳанд шуд

67
(Таҷдидшуда 14:14 04.08.2017)
Додситонии кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандонеро, ки ба гурӯҳҳои ҳаросафкану ифротгаро дар Сурия ва Ироқ пайвастаанд, ҳатман муҷозот хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Додситони кулли ҶТ Юсуф Раҳмон таъкид кард, шаҳрвандоне, ки огоҳона ба гурӯҳҳои ҳаросафкану тундрав пайваставу дар ҷангҳо дар кишварҳои хориҷӣ ширкат кардаанд, ҳатман ва қонунан  ҷазо хоҳанд гирифт.

Рамазон Раҳимзода, акс аз бойгонӣ
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Дар нишасти расонаие, ки 3 август дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, Юсуф Раҳмон тавзеҳ дода, ки теруристҳо афв нахоҳанд шуд, вале занону фарзандонашон аз ин муҷозот озоданд. 

Додситони кулли Тоҷикистон ҳамчунин хабарҳо дар бораи фишороварӣ бар хонаводаи мухолифин, аз ҷумла аъзои созмонҳои мамнуъшудае чун Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва "Гурӯҳи 24"-ро радд кард.

Вай дар ин бора гуфт, ки хонаводаву хешовандони аъзои созмону ҷунбишҳои тундраву мухолифи давлат дар робита ба парвандаи наздиконашон бозпурсӣ шуда, аммо ҳаргиз зери фишор набудаанд.

Ёдовар мешавем, ки бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 2015 Ҳизби наҳзати исломӣ ба иттиҳоми даст доштан дар ошӯби мусаллаҳонаи генерал Абдуҳалим Назарзода, муъовини пешини вазири дифои Тоҷикистон, теруристӣ шинохта шуда ва фаъолияташ дар кишвар мамнуъ шуд. 

Ҳамчунин фаъолияти ҷунбиши "Гурӯҳи 24" низ ба унвони созмони тундрав дар қаламрави Тоҷикистон расман манъ шудааст.

Чанде пеш Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, низ дар як нишасти расонаӣ гуфта буд, ки наздикону пайвандони раҳбарону ҳамвандони созмону гурӯҳҳои мухолифи мамнуъшуда  зери фишору пайгард қарор надоранд.

67
Барчаспҳо:
Гурӯҳи 24, ҲНИТ, ҳаросафканӣ, Додситонии кулли ҶТ, Юсуф Раҳмон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Дар шаш моҳи соли 2017 дар Тоҷикистон аз 12 амалиёти ҳаросафканӣ пешгирӣ шудааст