Амрико барои милисаҳои тоҷик машқгоҳ бунёд кард

© Фото : Аз равобити умумии ВКД ҶТАфзорҳои машқӣ
Афзорҳои машқӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Амрико ба Дастаи таъиноти махсуси милитсияи ВКД Тоҷикистон иншооти машқӣ тақдим кард

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВКД ҶТ, дар расми ифтитоҳи иншооти машқӣ муовини вазиир ВКД Икром Ислом, полковники милитсия Зумрад Абдуллозода, аташеи ҳарбии сафорати ИМА Дениал Зайтуниян ва дигар шахсони расмӣ аз сафорати ИМА ширкат карданд.

Дар ҷараёни чорабинӣ аташеи ҳарбии сафорати ИМА Дениал Зайтуниян дар бораи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико суханронӣ кардааст.

© Фото : Аз раобити умумии ВКД ҶТҲайъати Амрико бо милисаҳои тоҷик
Ҳайъати Амрико бо милисаҳои тоҷик - Sputnik Тоҷикистон
Ҳайъати Амрико бо милисаҳои тоҷик

Дар ин маросим муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Икром Ислом густариши ҳамкории дуҷонибаро дар мубориза бар зидди терруризм, экстремизм ва хатару таҳдидҳои замони муосир баррасӣ кардааст.

Ҷонибҳо гуфтаанд, бунёд ва ба истифодадиҳии иншооти машқӣ ҷиҳати баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терруризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар қонуншиканиҳо мусоидат менамояд.

Лентаи хабарҳо
0