Генеральная прокуратура РТ, архивное фото

"Ҳафт бурҷ" фурӯ рехт: созандагони "тарфанди ҳарамӣ" маҳкум ба зиндон шуданд

78
(Таҷдидшуда 20:20 25.09.2017)
Додгоҳи ноҳияи Сино созандагони ҳарами молиеро, ки шаҳрвандонро фиреб медод, ба чандин сол зиндон маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Сино Осимҷон Маъруфов, Олим Маъруфов, Ориф Расулов, Саидҷон Саъдуллоев, Раҳимбек Саидов ва Шарифбек Хушмаҳмадовро бар асоси моддаи 247 қисми 4 баиди "б" Қонуни ҷиноии Тоҷикистон базаҳкор шинохт.

Бино ба гузориши равобити умумии Додситонии кулли ҶТ, шаҳрвандон Олим Маъруфов, Ориф Расулов, Саидҷон Саъдуллоев, Раҳимбек Саидов ва Шарифбек Хушмаҳмадов 10 январи соли 2011 ширкати маҳдудмасъулияти "7 Бурҷ"-ро дар шаҳри Душанберо таъсис дода, Саидҳомид Маҳмудовро мудири кулл ва Олимҷон Маъруфовро мудири иҷроии он мансуб кардаанд.

Ин муттаҳамон бо ташкили ширкати "Ҳафт бурҷ", ки амалан "тарфанди ҳарамӣ" ё "пирамидаи молӣ" буда, ба баҳонаи расондани хадамоте чун бозорёбии шабакаӣ, хидматрасонии бозорёбӣ, омӯзиши забонҳои англисӣ, роёна, ронандагӣ ва фурӯши сабадҳои электронӣ, аз аввали соли 2011 то 24 июли соли 2013 дар 263 маврид маблағи  1 090 251,16 дулори ИМА ва 9378,9 сомониеро, ки шаҳрвандон ба он ширкат пардохт кардаанд, тасарруф  намуда ба онҳо ба миқдори махсусан калон зарар расондаанд.

Додгоҳи ноҳияи Сино бо ҳукме, ки 31 августи соли 2017 эълом кардааст, Осимҷон Маъруфовро маҳкум ба 8 сол зиндон, Олим Маъруфов ва Ориф Расуловро 10 сол ва Саидҷон Саъдуллоев, Раҳимбек Саидов ва Шарифбек Хушмаҳмадовро барои 11 солӣ зиндон ва ҳамчунин барои 4 сол аз ҳаққи ишғоли симатҳои давлатӣ ва тиҷорӣ маҳрум кардааст.

78
Барчаспҳо:
Ҳафт бурҷ, пирамида, тарфанди ҳарамӣ, Додгоҳи ноҳияи Сино, Додситонии кулли Тоҷикистон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Додситонии кулл: мудири фурудгоҳи Хоруғ аз сактаи қалб даргузашт
Додситони кулли ҶТ: Теруристҳо афв нахоҳанд шуд
Додситонии кулл: аз Сурия ва Ироқ 120 шаҳрванди ҶТ бозгардонида шуданд