Генеральная прокуратура РТ, архивное фото

Додситонии Тоҷикистон се ширкати корёбиро муттаҳам ба одамфурӯшӣ кард

56
(Таҷдидшуда 12:06 26.09.2017)
Додситонии кулли ҶТ кормандони се ширкатеро, ки барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ кор меёфтаанд, муттаҳам ба бардафурӯшӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Ба гузориши Маркази матбуотии ДК ҶТ, дар паи баргузории санҷишҳои додситонӣ ошкор шуда, ки ширкатҳои корёбии "Абдулкарим", "Ҷамол-2012" ва "Имкон-2015 дар соли 2016 ва нимаи аввали соли 2017 чанд шаҳрванд, аз он ҷумла, се занро ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ фиристодаанд, ки онҳоро дар он кишвар водор ба анҷоми корҳое кардаанд, ки дар қарордод миёни шаҳрвандони ҶТ ва ПАС ёд нашудаанд ва музди корашонро низ напардохтаанд.

Додситонии кулл ин қазияро "хариду фурӯши одамон бо мақсади суъистифода аз кор ё хидматрасонии иҷборӣ, ғуломӣ ё расму одатҳои монанд ба ғуломӣ" дониста, кормандони ширкатҳои "Ҷамол-2012", "Имкон-2015" ва "Абдулкарим"-ро муттаҳам ба нақзи моддаи 130.1 бахши 2 бандҳои «г» ва «ё» Қонуни ҷиноии ҶТ кардааст.  

Додситонии кулл барои бозҷӯии ин қазия парванда оғоз карда, бозҷустро идома медиҳад.

56
Барчаспҳо:
Арабистон, корёбӣ, бардафурӯшӣ, одамфурӯшӣ, Додситонии кулли ҶТ, Тоҷикистон-Арабистони Саудӣ
Мавзуъ
Додситонии кулл: мудири фурудгоҳи Хоруғ аз сактаи қалб даргузашт
Додситони кулли ҶТ: Теруристҳо афв нахоҳанд шуд
Тағйироти кадрӣ аз Хатлон то Бадахшон: раисҷумҳур додситонҳоро иваз кард
"Ҳафт бурҷ" фурӯ рехт: созандагони "тарфанди ҳарамӣ" маҳкум ба зиндон шуданд