Раҳимзода бо муовини вазири корҳои дохилии Туркия

Туркия ва Тоҷикистон ашхоси дар пайгарди "Интерпол" бударо ҳамроҳ меҷӯянд

62
(Таҷдидшуда 13:23 27.09.2017)
Чунин тадбир зимни суҳбати вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон бо муовини вазири корҳои дохилаи Туркия Мехмет Эрсой зикр шуд

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВКД ҶТ, имрӯз дар ҳошияи баргузории 86-умин Ассамблеяи Генералии Интерпол, Рамазон Раҳимзода бо муовини вазири корҳои дохилии Туркия Мехмет Эрсой дидор кард.

"Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Туркия дар ҳамкории зич қарор дошта, пайваста ин ҳамкориҳоро дар самтҳои мухталиф инкишоф медиҳанд", — гуфтаанд ҷонибҳо.

Дар ҷараёни вохӯрӣ тарафайн оид ба ҳамкориҳои судманди ду мақомот ҷиҳати кофтукови шахсони дар ҷустуҷӯ қарордошта, дастгир ва истирдоди ҷинояткорони дар кофтукови байналмилалии "Интерпол" буда ва тақвият додани мубодилаи иттилооти оперативӣ табодули афкор намуданд.

Зикр гардидааст, ки дар мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ, аз қабили терроризм, экстремизм ва дигар ҷиноятҳои муташаккил ҳамкориҳои ду мақомот дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, дар ин самт чорабиниҳои мушарак амалӣ карда мешаванд.

62
Барчаспҳо:
дидор, мулоқот, ВКД-и Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода, Туркия, Тоҷикистон, Чин
Мавзуъ
Рамазон Раҳимзода бо ҳамтоёни рус, қазоқ, покистонӣ ва чиниаш дидор кард
Ширкати Рамазон Раҳимзода дар Маҷмаъи умумии Интерпол