Встреча Посла с Первым заместителем министра иностранных Кыргызстана

Аломатгузории марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Бишкек баррасӣ шуд

61
(Таҷдидшуда 18:46 27.09.2017)
Намояндагони вазоратҳои умури хориҷаи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Бишкек масоили аслии ҳамкории ду кишварро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Бишкек Суҳроб Олимзода бо муовини аввали вазири умури хориҷии Қирғизистон Динора Кемелова дурнамои равобити ду кишварро баррасӣ карданд.

Ба гузориши хадамоти матбуотии ВУХ ҶТ, дар ин мулоқот, ки 25 сентябр дар Вазорати умури хориҷии Қирғизистон баргузор шуд, масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Тарафҳо дар робита бо масоили ҳамкориҳои тиҷорӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ-башардӯстона ва ҷаласаи ояндаи Кумисюни байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон барои баррасии маҷмуъи масъалаҳои дуҷониба табодули афкор карданд.  

Яке аз мавзуъҳои аслии ин дидор аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон будааст.

Дарозии марзи ду кишвар 520 килуметр аст, ки 396 килуметр аз он ҳануз таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст.

61
Барчаспҳо:
аломатгузории марз, ВУХ ҶТ, Динора Кемелова, Суҳроб Олимзода, Тоҷикистон-Қирғизистон
Мавзуъ
Марзбонҳои Тоҷикистон аз қочоқи 64 килуграм маводи мухаддир пешгирӣ карданд
Раисҷумҳур бо сардори артиши Чин амнияти марзи Афғонистонро баррасӣ кард
Марзбонони амрикоӣ 60 муҳоҷирро аз марг наҷот доданд
Тоҷикистону Узбакистон марзашонро аломатгузорӣ карданд