Ҷаласа дар ВКД ҶТ

Фармондеҳ: ВКД қодир аст амнияти мардуми Тоҷикистонро таъмин кунад

129
(Таҷдидшуда 14:26 01.10.2017)
Сафҳаи дурахшони солномаи милитсияи Тоҷикистон ба солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ алоқаманд аст, ки аз ҳисоби кормандони он зиёда аз 1200 нафар дар муҳорибаҳои ҷагиданд

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВКД ҶТ, дирӯз дар ин ниҳод бо ширкати ҳайъати шахсии Дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба "Таърихи пайдоиши милитсияи тоҷик" машғулияти хизматӣ доир гардидааст.

Машғулияти хизматиро фармондеҳи Қӯшунҳои дохилии ВКД полковник Бобозода Хусрав оғоз намуда, дар бораи "Таърихи пайдоиши милитсияи тоҷик, ташаккул ва саҳми он дар тақвияти Истиқлолияти давлатии кишвар" нақл кардааст.

Ӯ дар суханрониаш гуфтааст, ки "Милитсия дар низоми давлатии таъмини амнияти кишвари мо нақши асосиро бозида, калонтарин ва серваколаттарин сохтори қудратии давлат ба ҳисоб меравад. Саҳифаи дурахшони солномаи милитсияи Тоҷикистон ба солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ алоқаманд мебошад, ки аз ҳисоби кормандони он зиёда аз 1200 нафар дар муҳорибаҳои ҷанги адӯ иширок намуда, Эргалӣ Шарифов, М.Новосельсев, Муҳаммад Ҳоваҷӣ, В.Недовижин ба унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ мушарраф гардидаанд".

"Дар ташаккулёбии милитсияи тоҷик тарбияи кадрҳои маҳаллӣ ва таъсиси раёсату шӯъбаҳои гуногуни мақомот ва сохтмони иншооти хизматӣ, нақши Бобо Маҳкамов зиёд мебошад", — гуфтааст фармондеҳ.

"Мақомоти корҳои дохилӣ ба як ниҳоди муқтадири ҳифзи ҳуқуқи кишвар табдил ёфта, қодир аст ҳама гуна амалҳои душманонаи гурӯҳҳои ҷиноятпешаро, ки ба амнияту суботи дохилии давлат, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон хатар эҷод мекунад, ҷилавгирӣ намояд", — гуфтааст Бобозода.

Дар идома фармондеҳ гуфтааст, ки аз ибтидо то кунун кормандони милитсия бо ҳисси баланди масъулият сарбаландона ин суннат ва рисолати таърихии худро иҷро карда истодаанд.

129
Барчаспҳо:
таъмини амният, маҷлис, амният, ВКД-и Тоҷикистон, Бобозода, Тоҷикистон