Российская боевая авиация на аэродроме Хмеймим в Сирии

ДОИШ дар Сурия 7 фармондеҳу беш аз 300 ҷангҷӯяшро аз даст дод

53
(Таҷдидшуда 22:18 03.10.2017)
Нерӯҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия дар Сурия ва канораи шарқии рӯди Фурот 7 фармондеҳ ва беш аз 300 ҷангҷӯи ДОИШ-ро нобуд карданд

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Намояндаи расмии Вазорати дифоъи Русия сарлашкар Игор Конашенков эълом кард, ки Нерӯҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия дар Сурия як бунгоҳи ҳамоишу омодасозии ҷангҷӯёни созмони теруристии "Давлати исломӣ"-ро нобуд кардаанд.

"Дар паи ҳамлаи ҳавоӣ ва бумборони ин бунгоҳ 40 ҷангҷӯ аз Қафқози Шимолӣ ва гурӯҳе аз тактирандозони теруристҳо аз миён бурда шуданд", — гуфт Конашенков.

Ҳамчунин дар ҳамлае дигар 7 фармондеҳи ДОИШ, аз ҷумла Абуислом ал-Қазоқӣ номе, ки ҳамоҳангкунандаи ягонҳои тирандози ДОИШ дар канораҳои рӯди Фурот буд, ва 304 ҷангҷӯ кушта ва беш аз 170 терурист захмӣ шудаанд.

Дар ҳамлаҳои ҳавоии ду рӯзи ахири Нерӯҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия 3 бунгоҳи фармондеҳӣ, 9 пойгоҳ, 8 танк, 3 тӯпхона, 17 худрави ҷангафзорбар ва 4 анбори ҷангафзор нобуд шудааст.     

 

53
Мавзуъ
Русия ва Эрон талошҳояшонро барои ҳалли буҳрони Сурия беш аз пеш ҳамоҳанг мекунанд
Путин ва Эрдуғон аз якпорчагии қаламравҳои Ироқу Сурия ҳимоят карданд