Арестованный гражданин Российской Федерации Хисамов Денис, архивное фото

ВКД Тоҷикистон як шаҳрванди Русияро ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо ДОИШ дастгир кардааст

72
(Таҷдидшуда 17:13 23.10.2017)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як шаҳрванди Русия хабар дода, ки муттаҳам ба ҳамдастӣ бо созмони теруристии "Давлати исломӣ" мешавад

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Бино ба иттилоъи Дафтари матбуотии ВУД ҶТ, Хисамов Денис Франгизович ном шаҳванди Русия, ки 18 декабри соли 1983 дар шаҳри Краснодар зода шудаву дорои маълумоти олӣ, номзади улуми техникӣ ва капитани Вазорати дифоъи Русия будааст. 

Гуфта мешавад, ки Денис Хисамов бо шиносномаи сохтаи шаҳрванди Тоҷикистон ба Сурия рафтаву ба "Давлати исломӣ" пайваста ва дар ҷангҳои Ироқу Сурия ширкат кардааст.

Вай моҳи апрели соли 2017 ба Туркия рафтааст то аз онҷо барои анҷоми амалиёти теруристӣ ба Русия биравад. Нерӯҳои амниятии Туркия ӯро боздошт карда ва ба далели доштани шиносномаи сохтаи Тоҷикистон, ӯро ба нерӯҳои амниятии Тоҷикистон вогузор кардаанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ин қазияро бозҷӯӣ дорад.

 

72
Барчаспҳо:
пайкор бо теруризм, теруризм, ДОИШ, ВКД ҶТ, Денис Хисамов, Тоҷикистон-Русия
Мавзуъ
Кишварҳои ИДМ Роҳкори муқобила бо сармоягузории теруризмро тасвиб карданд
Вазирони хориҷаи кишварҳои узви СПАД барои пайкор бо теруризм баёния тасвиб карданд
Додгоҳ як шаҳрванди Узбакистонро ба иттиҳоми теруризм боздошт кард
Додгоҳи Маскав се тоҷикро ба иттиҳоми теруризм боздошт кард
Гутерриш вазирони тоҷику узбаку қирғизу қазоқро дар мубориза бо теруризм ҳамдаст кард