Боевики Исламского государства

Сафорати Русия дар Душанбе: иттилоъе дар бораи Денис Хисамов ба мо нарасидааст

45
(Таҷдидшуда 17:13 23.10.2017)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як шаҳрванди Русия хабар дода, ки муттаҳам ба ҳамдастӣ бо созмони теруристии "Давлати исломӣ" мешавад.

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Сафорати Русия дар Тоҷикистон ҳеч иттилоъе дар бораи шаҳрванди Русия дарёфт накарда, ки гӯё узви гурӯҳи теруристии "Давлати исломӣ" бошад.

"Сафорат на аз каналҳои расмӣ ва на аз каналҳои ғайрирасмӣ чунин иттилоъеро дарёфт накардааст", — гуфт Олег Жуков, муовини консули сафорати Русия дар Душанбе ба хабаргузории "РИА Новости".

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон имрӯз аз боздошти Хисамов Денис Франгизович ном шаҳванди Русия хабар дод, ки 18 декабри соли 1983 дар шаҳри Краснодар зода шудаву дорои маълумоти олӣ, номзади улуми техникӣ ва капитани Вазорати дифоъи Русия будааст.

Дафтари матбуотии ВУД ҶТ гуфтааст, ки Денис Хисамов бо шиносномаи сохтаи шаҳрванди Тоҷикистон ба Сурия рафта ва ба "Давлати исломӣ" пайваста ва дар ҷангҳои Ироқу Сурия ширкат доштааст. Ӯ моҳи апрели соли 2017 ба Туркия рафтааст то аз онҷо барои анҷоми амалиёти теруристӣ ба Русия биравад.

Нерӯҳои амниятии Туркия ӯро боздошт карда ва ба далели доштани шиносномаи сохтаи Тоҷикистон, ӯро ба нерӯҳои амниятии ҶТ вогузор кардаанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ин қазияро бозҷӯӣ дорад.

 

45
Барчаспҳо:
ДОИШ, Сафорати Русия дар Тоҷикистон, ВКД ҶТ, Олег Жуков, Денис Хисамов, Тоҷикистон-Русия
Мавзуъ
Фармондеҳ: ВКД қодир аст амнияти мардуми Тоҷикистонро таъмин кунад