Дабири Шурои амнияти Русия Николай Патрушев

Дабири Шурои амнияти Русия Николай Патрушев ба Тоҷикистон меравад

68
Патрушев 31-уми октябр - 1-уми ноябр дар Тоҷикистон хоҳад буд. Интизор меравад, ки дар доираи сафараш дабири Шурои амният бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кунад

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Дабири Шурои амнияти Русия Николай Патрушев ба Тоҷикистон меравад. Тавре Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳайъати Русия бо роҳбарии мудири Шурои амнияти кишвар ба Тоҷикистон сафар хоҳад кард.

Гуфта мешавад, намояндагони Русия рӯзҳои 31-уми октябр —1-уми ноябр ба Тоҷикистон сафар хоҳанд кард. Интизор меравад, ки Патрушев бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кунад.

Ёдовар мешавем, чанде пеш вазири дифои Русия Сергей Шойгу дар ҳошияи Нишасти Шурои вазиони дифоъи кишварҳои узви Иттиҳодияи давлатҳои мустақил, ки дар Душанбе баргузор гардид, ба Тоҷикистон сафар карда буд.

68
Барчаспҳо:
мулоқот, сафар, Дабири Шурои амният, Николай Патрушев, Русия, Тоҷикистон