Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Николай Патрушев

Эмомалӣ Раҳмон аз Николай Патрушев пуштибонии низомӣ хост

217
(Таҷдидшуда 13:06 01.11.2017)
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо дабири Шурои амниятии Русия Николай Патрушев аз авзоъи ноороми Афғонистон дар марз бо Тоҷикистон ёдоварӣ кард

ДУШАНБЕ, 1 ноz — Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуотии раисҷумҳуриТоҷикистон, Эмомал Раҳмон имрӯз бо дабири Шурои амнияти Русия Николай Патрушев дидор ва гуфтугӯ кардааст.

Ба иттилоъи манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот аз рушди босуботу муназзами равобиту ҳамкории роҳбурдии Тоҷикистону Русия хушнудӣ кардааст.

Раисҷумҳур бо ёдоварӣ аз мавқеи тағйирнопазиру устувори Тоҷикистон таъкид дошта, ки таҳкими ҳамкорӣ дар заминаи амният дар баробари дигар бахшҳои афзалиятнок муҳимтарин омили густариши равобити дуҷониба аст.

Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои ҳамкориро дар чорчӯби Созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ, Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва Созмони ҳамкории Шонгҳой баррасӣ карданд.

"Барои мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, ҳалли мушкилоти амниятии минтақаӣ, пурзӯр кардани тавони дифоъии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон вобаста ба таҳдиди хатар аз ҷониби Афғонистон, бояд тадбирҳои дастҷамъона андешида шавад", — омадааст дар иттилоъия.

Дар ин самт ҳамчунин ҳамкорию ҳамгироии шуроҳои амнияти ду кишвар зарур шумурда шудааст.

Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкориҳои низомӣ ва низомиву фаннӣ, таҳкими тавони дифоъии Нерӯҳои Мусаллаҳ ва нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мавриди баррасӣ шуд.

217
Барчаспҳо:
амният, дидор, мулоқот, Николай Патрушев, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон