Государственные флаги на церемонии открытия учений ОДКБ на полигоне в Ростове

Тоҷикистон дар нишасти сарони кишваҳои СПАД ширкат мекунад

34
(Таҷдидшуда 15:35 09.11.2017)
Нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ 30 ноябр дар шаҳри Минск - пойтахти Белорус баргузор хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Сарони ҳама кишварҳои узви СПАД ширкати худро дар нишасте, ки 30 ноябр дар Минск баргузор мешавад, таъйид карданд, гуфтааст кордори Белорус дар Амрико Павел Шидловский.

"СПАД яке аз коромадтарин созмонҳо дар паҳнои Уросиё аст, ки ҳама аъзояш чун як узв амал мекунанд", — гуфтааст Шидловский дар суханроние дар сафорати Русия дар Амрико дар зиёфате ба муносибати 25-умин солгади имзои Паймони амнияти дастҷамъӣ ва 15-умин солгарди бунёди СПАД.

Ҷумҳурии Белорус ҳамакнун раёсати Созмони Паймони амнияти дастҷамъиро бар уҳда дорад.

Таъмини амният ва субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз аҳдофи аслии ин СПАД аст ва Тоҷикистон дар хатти муқаддами бархӯрд бо хатарҳое қарор дорад, ки аз сӯи Афғонистон ин минтақаро таҳдид мекунанд.

Чунончи, чанде пеш дабири кулли СПАД Юрий Хачатуров аз ҷамъ омадани камобеш 7 ҳазор ҷангҷӯи гурӯҳҳои теруристии "Толибон" ва "Давлати исломӣ" дар шимоли Афғонистон ҳушдор дода буд.

Вай гуфта буд, ки бино бар пешбиниҳои СПАД, бо фаро расидани баҳор таҳдидҳои теруристӣ аз шимоли Афғонистон ба марзҳои ҷанубии қаламрави дифоъии ин созмон бештар хоҳад шуд, аз ин рӯ, СПАД бояд барои пешгирӣ аз вуруди онҳо ба қаламрави худ омода бошанд.

Ба ин манзур дар миёнаҳои моҳи ноябр дар Тоҷикистон размоиши Нерӯҳои зудвокуниши СПАД баргузор хоҳад шуд.

34
Барчаспҳо:
СПАД, амният, Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, Тоҷикистон-СПАД
Мавзуъ
СПАД аз таҳдидҳои Толибону ДОИШ ба Тоҷикистон ҳушдор медиҳад
Низомиёни тоҷик дар размоиши СПАД дар Қазоқистон ширкат мекунанд
Вазирони хориҷаи кишварҳои узви СПАД барои пайкор бо теруризм баёния тасвиб карданд
Аслов бо вазирони СПАД масоили сиёсӣ ва амниятро баррасӣ кард
Нишасти Кумитаи низомии СПАД дар Минск оғоз ба кор кард