Чрезвычайный и полномочный посол Российской Федерации в Республике Таджикистан Игорь Лякин-Фролов

Сафири Русия аз ҳамлаи теруристҳо аз Афғонистон ба Тоҷикистон ҳушдор дод

164
(Таҷдидшуда 21:03 15.11.2017)
Сафири Русия дар Душанбе Игор Лякин-Фролов бар зарурати омодагӣ барои муқобила бо ҳамалоти гурӯҳҳои теруристӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон таъкид кард

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов аз эҳтимоли вуҷуди хатари ҳамалоти гурӯҳҳои теруристӣ аз Афғонистон ба ин кишвар ҳушдор дод. 

Вай дар маросими оғози размоиши муштараки Нерӯҳои зудвокуниши Созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ дар Тоҷикистон таъкид кард, ки ахиран дар Афғонистон гурӯҳи "Толибон" ҳамалоти худро шиддат бахшида ва гурӯҳи ДОИШ низ ба ноамнӣ дар наздикии марзҳои шимоли Афғонистон бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ доман мезанад.

Вай гуфт, ҳарчанд эҳтимоли ҳамлаи мустақими гурӯҳҳои теруристии камингирифта дар шимоли Афғонистон ба Тоҷикистон кам аст, аммо 3 — 4 ҳазор ҷангҷӯи ДОИШ аз Сурия ва манотиқи дигар ба Афғонистон мунтақил шудаанд, ки дар дарозмуддат хатароти ҳамалоти ин ҷангҷӯён ба Тоҷикистон бояд ҷиддӣ гирифта шавад.

Ба гуфтаи вай, размоиши Нерӯҳои зудвокуниши СПАД дар Тоҷикистон ва дар наздикии марзҳои ин кишвар бо Афғонистон, намоиши қудрати ин созмон дар баробари ҳар гуна ҳамалоти эҳтимолии гурӯҳҳои теруристӣ хоҳад буд.

Дар размоиши Нерӯҳои зудвокуниши СПАД, ки ҳамзамон дар панҷ размоишгоҳи Вазорати дифоъи Тоҷикистон наздик ба марз бо Афғонистон баргузор мешавад, равишҳои ҷангу набард бо корбурди ҷангафзорҳои сангин, ҳавопаймоҳо ва нерӯҳои падофанди ҳавоӣ тамрин карда мешаванд.

Марҳилаи ниҳоии ин размоиш дар размоишгоҳи "Ҳарбмайдон" баргузор мешавад ва дар он нерӯҳои ҳавоӣ ва тӯпхона ба кор бурда хоҳанд шуд. Аз ҷумла дар ин марҳила сомонаи пешрафтаи мушакии "Искандар" озмоиш карда хоҳад шуд.

Дар ин размоиш беш аз 5 ҳазор сарбозу афсар аз Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ширкат мекунанд ва 60 ҳавопаймову чархбол, беш аз 1500 ҷангафзори сабуку сангин, аз ҷумла сомонаи мушакии "Искандар", 40 ҳавопаймо, аз ҷумла бумбафканҳои Су-24М, ҷангандаҳои Су-25СМ, ҳавопаймоҳои таробарии Ан-124 ва чархболҳои низомии Mи-8 ва Mи-24 ва паҳподҳо (ҳавопаймоҳои ҳидоятшаванда аз дур) ба кор бурда хоҳанд шуд.

164
Барчаспҳо:
мубориза бо теруризм, теруризм, амният, Игор Лякин-Фролов, Афғонистон-Толибон-ДОИШ, Тоҷикистон-Русия
Мавзуъ
Размоиши СПАД дар Тоҷикистон: "Искандар" "душманон"-ро торумор мекунад
Низомиёни тоҷик дар размоиши СПАД дар Қазоқистон ширкат мекунанд
Теруристҳо дастгир шуданд: дар Русия размоиши "Ҷустуҷӯ-2017" оғоз шуд
Пирӯзӣ: варзишкори тоҷик зери сарпарастии Владимир Путин размоиш кард