Министр обороны РТ Шерали Мирзо на полигоне Фахрабад

Шералӣ Мирзо: Нерӯҳои мусаллаҳи ҶТ тавони пас задани ҳамлаи ДОИШ-ро доранд

145
(Таҷдидшуда 20:25 17.11.2017)
Нерӯҳои низомӣ ва интизомии Тоҷикистон тавони размии басанда барои посух додан ба таҳдидҳои гурӯҳи теруристии "Давлати исломӣ" аз сӯи Афғонистонро доранд

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Гурӯҳи ҳаросафкани "Давлати исломӣ" қасд дорад вазъи сиёсиву иҷтимоъии Афғонистонро бесубот карда дар он кишвар пойгоҳ бигирад, гуфт вазири дифоъи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо.

"Рухдодҳои моҳҳои ахир гувоҳ бар ин аст, ки ДОИШ ва дигар гурӯҳҳои тундрав бо истифода аз ҳаргуна василаву имконе вазъи сиёсиву иҷтимоъии Афғонистонро ноамну бесубот мекунанд ва бо ин равиш мехоҳанд дар қаламрави он кишвар пойдор шаванд", — гуфт вай дар маросими поёни размоиши Нерӯҳои муштараки СПАД дар Тоҷикистон.

Ба гуфти Шералӣ Мирзо, муҳимтарин мавзуъ барои Тоҷикистон ҳамакнун тағйиру таҳаввули вазъи сиёсиву низомӣ ва амниятӣ дар Афғонистон ва асару таъсири он бар амният дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аст.

"Бо таваҷҷуҳ ба бархе аз авомил, хатароту таҳдидҳои аслӣ ба амнияти ин кишварҳо аз сӯи Афғонистон аст, ки имрӯзҳо дар вилоятҳои шимолии он кишвар ҷангҷӯёни созмонҳову ҷунбишҳои тундраву теруристӣ ҷамъ омада ва тамаркуз меёбанд", — тавзеҳ дод вай.

"Аммо нерӯҳои низомӣ ва интизомии Тоҷикистон тавони размии басанда барои посух додан ба таҳдиду ҳамлаҳоро доранд", — таъкид кард вазири дифоъ.

Имрӯз дар Тоҷикистон марҳилаи ниҳоии размоиши Нерӯҳои муштараки зудвокуниши Созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ "Бародарии размӣ — 2017" ба поён расид.

Дар ин размоиш, ки ҳамзамон дар панҷ размоишгоҳи Вазорати дифоъи Тоҷикистон наздик ба марз бо Афғонистон баргузор шуд, равишҳои ҷангу набард бо корбурди ҷангафзорҳои сангин, ҳавопаймоҳо ва нерӯҳои падофанди ҳавоӣ тамрин шуданд.

Марҳилаи ниҳоии ин размоиш дар размоишгоҳи "Ҳарбмайдон" баргузор шуд ва дар он нерӯҳои ҳавоӣ ва тӯпхона, аз ҷумла сомонаи пешрафтаи мушакии "Искандар", ба кор бурда шуданд.

Дар ин размоиш беш аз 5 ҳазор сарбозу афсар аз Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ширкат кард ва 60 ҳавопаймову чархбол, беш аз 1500 ҷангафзори сабуку сангин, аз ҷумла сомонаи мушакии "Искандар", 40 ҳавопаймо, аз ҷумла бумбафканҳои Су-24М, ҷангандаҳои Су-25СМ, ҳавопаймоҳои таробарии Ан-124 ва чархболҳои низомии Mи-8 ва Mи-24 ва паҳподҳо (ҳавопаймоҳои ҳидоятшаванда аз дур) ба кор бурда шуд.

145
Барчаспҳо:
СПАД, ДОИШ, Шералӣ Мирзо, Афғонистон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Дар Хатлон се хона аз гулӯлаи танкии нерӯҳои СПАД осеб диданд
Размоиши СПАД дар Тоҷикистон: "Искандар" "душманон"-ро торумор мекунад
Тоҷикистон дар нишасти сарони кишваҳои СПАД ширкат мекунад
СПАД аз таҳдидҳои Толибону ДОИШ ба Тоҷикистон ҳушдор медиҳад
Низомиёни тоҷик дар размоиши СПАД дар Қазоқистон ширкат мекунанд
Вазирони хориҷаи кишварҳои узви СПАД барои пайкор бо теруризм баёния тасвиб карданд
Аслов бо вазирони СПАД масоили сиёсӣ ва амниятро баррасӣ кард