Санҷиши мушаки Искандер-М дар Тоҷикистон

Мушаки нави "Искандар-М" дар Тоҷикистон ба ҳадаф расид

135
(Таҷдидшуда 13:14 18.11.2017)
Мушаки баллистикӣ дар марзи Тоҷикитону Афғонистон дар масофаи 130 км ба ҳадаф расид

ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik.  Навъи ҷадиди мушак аз оилаи "Искандар-М" дар рафти тамриноти муштараки низомии кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ дар Ҳарбмайдони Тоҷикистон санҷида шуда ба ҳадаф расиду "душмамонро" торумор кард. Дар ин бора равобити умумии Округи марказии ҳарбӣ хабар медиҳад.

"Санҷиши мушак дар ҳарбмайдони Лоҳур гузашт. Мушаки баллистикӣ дар масофаи 130 км-и марзи Тоҷикистону Афғонистон дар Ҳарбмайдон, бо дақиқӣ  ва ноаёниаш ба ҳадаф расид".

Парвозкунандаҳои бесарнишини навъи "Орлан", кори мушакро бо бо хатогии то 10 метр нишон доданд.

Дар ин размоиш, ки ҳамзамон дар панҷ размоишгоҳи Вазорати дифоъи Тоҷикистон наздик ба марз бо Афғонистон давом дорад, равишҳои ҷангу набард бо корбурди ҷангафзорҳои сангин, ҳавопаймоҳо ва нерӯҳои падофанди ҳавоӣ тамрин карда мешаванд.

Марҳилаи ниҳоии ин размоиш рӯзи 20 ноябр дар размоишгоҳи "Ҳарбмайдон" баргузор мешавад ва дар он нерӯҳои ҳавоӣ ва тӯпхона ба кор бурда хоҳанд шуд. Аз ҷумла дар ин марҳила сомонаи пешрафтаи мушакии "Искандар" озмоиш карда хоҳад шуд.

Дар ин размоиш беш аз 5 ҳазор сарбозу афсар аз Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ширкат мекунанд ва 60 ҳавопаймову чархбол, беш аз 1500 ҷангафзори сабуку сангин, аз ҷумла сомонаи мушакии "Искандар", бумбафканҳо ва паҳподҳо (ҳавопаймоҳои ҳидоятшаванда аз дур) ба кор бурда хоҳанд шуд.      

135
Барчаспҳо:
тамриноти низомӣ, санҷиш, Округи марказӣ-ҳарбӣ, Тоҷикистон
Мавзуъ
Пирӯзӣ: варзишкори тоҷик зери сарпарастии Владимир Путин размоиш кард
Вазорати дифоъи ҶТ дар Суғд пайкор бо теруристҳоро размоиш мекунад
Русия ва Тоҷикистон дар кӯҳистон размоиш баргузор мекунанд