Раҳимзода дар ВМКБ

Супориши Раҳимзода ба милисаҳои ВМКБ дар бораи сангҳои гаронбаҳо

726
(Таҷдидшуда 16:55 25.01.2018)
Вазири корҳои дохилии ҶТ ба милисаҳои ВМКБ дар бораи қочоқи сангҳои қимматбаҳо, муомилоти ғайриқонунии силоҳи оташфишон ва ҷангафзорҳо, даст задани онҳо ба ҷинояту қонуншиканӣ супоришҳои мушаххас додааст

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Вазортаи корҳои дохилии ҶТ хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки Рамазон Раҳимзода дар ин сафари корӣ ба ВМКБ аз ШВКД шаҳру ноҳияҳои вилоят боздид карда ба сардорон ва кормандони онҳо дастуру супоришҳо додааст.

Рӯзи 24-уми январ дар маҷлисгоҳи РВКД дар ВМКБ ҷаласаи кормандони нерӯҳои интизомии вилоят баргузор гардидааст.

Дар он сардорони раёсатҳои ВКД, Дастгоҳи марказии РВКД дар ВМКБ, сардорони шуъбаҳо, шуъбачаҳо, гурӯҳҳо, ҳайати шахсии ДТММ, размандагони гурӯҳи "Алфа" КДАМ, сарбозон ва афсарони қисми низомии 3503 Нерӯҳои дохилии ВКД дар вилоят, сардорони ШХДО, ШМЗҶМ ва Хадамоти давлатии "Муҳофиза" ширкат кардаанд.

Вазири корҳои дохилӣ оид ба хатару таҳдидҳо, вазъияти кунунии Афғонистон ва ҳифзи марзиТоҷикистон сухан ронда, қайд кардааст, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд баҳри таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ, оромии шаҳрвандон кору фаъолияти хуб намуда, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва дар баробари дигар сохторҳои қудратӣ дар ҳифзи сарҳади давлатӣ фаъолияти назаррас аз худ нишон диҳанд.

"Ҳамзамон ҷиҳати пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи сангҳои қимматбаҳо, муомилоти ғайриқонунии силоҳи оташфишон ва ҷангафзорҳо, спирти этилӣ, пешгирӣ аз пайвастани наврасону ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу созмонҳои теруристӣ-ифротӣ, даст задани онҳо ба ҷинояту амалҳои номатлуби ҷомеа ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз дастуру супоришҳои мушаххас дод", — омадааст дар хабарнома.

Дар ин дидор вазири корҳои дохилӣ ҳамчунин муҳтавои паёми раисҷумҳурро ба милисаҳо фаҳмонидааст.

Пештар хабар дода шуд, ки Рамазон Раҳимзода ба мардуми Хоруғ аз даргириҳои дохилии Афғонистон ёдоварӣ кард.

726
Барчаспҳо:
Рамазон Раҳимзода, Тоҷикистон
Мавзуъ
Раҳимзода ба мардуми Хоруғ аз даргириҳои Афғонистон ёдоварӣ кард
Туҳфаҳои генерал Раҳимзода ба ғолибони сабқатҳои варзишии Хоруғ
Дар шаҳри Хоруғ Ҷашнвораи ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид