Рустам Ҷураев. Акс аз бойгонӣ

Раҳбари пешини МЧС сардори Раёсати ВКД таъйин шуд

564
Рустам Ҷураев аз моҳи марти соли 2017 то ин дам раҳбари Раёсати ВКД вилояти Хоразм буд

ДУШАНБЕ, 14 фев— Sputnik. Раҳбари МЧС Узбакистон Рустам Ҷураев сардори Раёсати ВКД Тошканд таъйин шуд.

Дар ин бора расонаҳои узбакӣ хабари медиҳанд.

"Бо қарори Шавкат Мирзиёев, Рустам Мирзоевич Ҷураев сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии шаҳри Тошканд таъйин шуд", — омадааст дар хабарнома.

Рустам Ҷураев аз моҳи марти соли 2017 то ин дам раҳбари Раёсати ВКД вилояти Хоразм буд.

Ба иттилоъи расонаҳо сардори пешини Раёсати ВКД Тошканд Баҳодур Қурбонов бо қарори Шавкат Мирзиёев муовини вазири дифоъи Узбакистон таъйин шудааст.

Пештар хабар дода шуд, ки Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев раиси Хадамоти гумруки Узбакистон, Муидҷон Тоҳирро аз вазифа барканор кард.

564
Барчаспҳо:
таъйиноти кадрӣ, Раёсати ВКД, МЧС Узбакистон, Рустам Мирзоевич Ҷураев, Шавкат Мирзиёев, Ӯзбекистон
Военные учения России и Таджикистана, архивное фото

Тоҷикистон дар радабандии байналмилалии қудрати низомӣ: Ӯзбекистон қавитар аз ҳама дар ОМ

619
(Таҷдидшуда 20:33 16.01.2021)
Тоҷикистон дар радабандии байналмилалии қудрати низомӣ мавқеашро бетағйир гузоштааст

ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. “Global Firepower” (GFP), як пойгоҳи таҳлилӣ, ки қудрати низомии кишварҳои дунёро пайгирӣ мекунад, дар радабандии ахираш нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро миёни 138 кишвари дунё бетағйир дар мақоми 99-ум гузоштааст.

Соли гузашта низ Тоҷикистон дар ин радабандӣ дар ин мақом менишаст ва давоми як сол тағйироте ба вуҷуд наовардааст.

Гузоришгарон  ҳайати низомии кишварро 9 ҳазор арзёбӣ карда, гуфтаанд,  маблағгузорӣ ба артиш дарТоҷикистон солона 79 миллион долларо ташкил медиҳад.

Қайд карда мешавад, ки Тоҷикистон бо 20 чархбол, 253 тонк, 400 техникаи зиреҳпӯш, 80 тӯбхона ва 125 проекторҳои мушакӣ мусаллаҳ аст. Аз сабаби набудани роҳи мустақим ба баҳр, ҷумҳурӣ флоти баҳрӣ надорад.

Дар Осиёи Марказӣ қавитарин артиш аз Ӯзбекистон унвон шудааст, ки дар зинаи 51 нишаста, ҳайати низомии он 50 ҳазор ва харҷи солонааш 15 миллиард гуфта мешавад.

Қазоқистон бошад бо 125 ҳазор низомию 4 миллиард доллар хароҷоти солона ба ин соҳа дар ҷойи 62, Туркманистон  дар зинаи 86 ва Қирғизистон дар ҷойи 93 нишастаанд.

Гуфта мешавад, ҳайати шахсии Туркманистон 22 ҳазор буда, солона ба ин соҳа 800 миллион сарф мекунад ва Қирғизистон бошад 11 ҳазор низомӣ дошта харҷи солонааш 20 миллион доллар гуфта мешавад.

Мувофиқи радабандӣ ҷойи авалро Амрико, ҷойи дувумро Русия ва ҷойи севумро Чин гирифтаанд.

Ба даҳгонаи бузургтарин артишҳои ҷаҳон Ҳиндустон, Фаронса, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Бритониёи Кабир, Туркия, Олмон, дохил шуданд. Дар радабандӣ 137 кишвари ҷаҳон баррасӣ шудаанд. Гузоришгарон, ҳангоми тартиб додани феҳрист 55 омил ба назар гирифтаанд.

Баъди артиш дохилшавӣ ба донишгоҳ осонтар мешавад: имтиёзи ММТ ба хизматкардаҳо

Қайд мешавад, ки на танҳо шумораи силоҳ, балки намудҳои он қудрати онҳо низ ҳисоб  шудаанд.

Ҳамчунин дар тартиб додани радабандӣ мавқеи ҷуғроофӣ, имкониятҳои воситаҳои нақлиётӣ, иктишофи захираҳои табиӣ, саноати маҳаллӣ ва шумораи низомиён ба назар гирфита шудааст.

Қавию дурпарвоз: силоҳи нави ҳавоии Русия чӣ гуна хоҳад буд

Артиши  Тоҷикистон дар радабандӣ соли 2019 ҷойи 94 ва қабл аз он зинаи 96-умро соҳиб шуда буд.

619
Разбитые армянские гаубицы у дороги в Физули

Арманистон сабаби шикасташ дар Қарабоғи Кӯҳиро гуфт

596
(Таҷдидшуда 20:46 14.01.2021)
Сабабҳои асосии шикасти Арманистон дар ҷанг бо Озарбойҷон дар Қарабоғи Кӯҳӣ эълон шуданд

Номзади мухолифин ба мансаби сарвазирии Арманистон, Вазген Манукян гуфт, ки чаро ин кишвар дар муноқишаи мусаллаҳона бо Озарбойҷон дар Қарабоғи Кӯҳӣ пирӯз нашуд.

Яке аз хатогиҳои калидӣ, ба гуфтаи Манукян, амали нодурусти сарвазири кунунии Арманистон Никол Пашинян буд.

Ӯ қайд кард, ки сарвазир дар бораи вазъияти фронт тасаввуроти зиёде надошт. Вай имкон дошт, ки на танҳо муноқишаро пешгирӣ кунад, балки мавқеи асосии худро нигоҳ дорад, гуфт Манукян дар сӯҳбат бо РБК.

Вай натиҷаи муноқишаи солҳои 1992-1994 дар Қарабоғи Кӯҳиро ёдовар шуд.

"Дар солҳои ҷанги якуми Қарабоғ, солҳои 1992-1994, вақте ки мо Озарбойҷонро шикаст додем, ин ба мо кӯмак кард, ки Абулфаз Элчибей сарварӣ кунад. Он гоҳ истилоҳи "инқилоби ранга" вуҷуд надошт, аммо ӯ шахсе буд, ки маҳз ба чунин ақидаҳо пойбанд буд", - гуфт мухолиф.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло "Озарбойҷон аз он истифода кард, ки мо Элчибейи худро дорем".

Манукян аз номувофиқии мансаб ба сарвазири кунунии Арманистон гуфт.

Алиев гуфт, ки кӯшиши вайрон кардани созишномаи Қарабоғ вуҷуд дорад

"Дар пайи "инқилобҳои ранга" асосан одамони қобилиятнок ба қудрат меоянд, ки барои сарварии ҳукумат омода нестанд",- гуфт ӯ ва илова кард, ки Пашинян ҷомеаро ба "гузашта ва ҳозира" тақсим кард.

Амалиёти мусаллаҳона дар Қарабоғи Кӯҳӣ аз соли 1987 инҷониб авҷ гирифтааст.

Ахиран он 27 сентябри 2020 дубора миёни Арманистону Озарбойҷон сар зад. Маълум нест, ки кадом кишвар аввалин шуда ҷангро оғоз кардааст, аммо давлатҳо бо иттиҳоми тирпарронӣ ҳамдигарро муттаҳам мекунанд.

Муноқишаи ахир беш аз як моҳ давом кард ва бо дахолати президенти Русия Владимир Путин боздошта шуд.

Тадбири асосии оташбас имзои созишномае буд, ки баргардонидани қаламравҳои ишғолкардаи Арманистон ба Озарбойҷонро пешбинӣ мекунад.

Ин санад шаби 9 ба 10 ноябр имзо шуд ва аз ҳамон лаҳза амалиёти ҷангӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ қатъ шуд.

Шартҳои риояи созишномаҳоро посдорони сулҳи Русия назорат мекунанд.

Метр ба метр: чӣ гуна посдорони сулҳи Русия Степанакертро бехатар мекунанд - видео

Онҳо инчунин ба гурезагон кӯмак мерасонанд, корҳои безараргардонии минаро анҷом медиҳанд ва инфрасохтори шаҳрҳои маҳаллиро барқарор мекунанд.

596
Работа АЗС в Москве

Нархи газ ва бензину дизел дар Тоҷикистон якбора то 8 % гарон шуд

118
Тайи ду рӯзи охир қиммати ҳама намуд маводи сӯзишвории воситаи нақлиёт якбора то 10 % боло рафта, ба 4, 3 ва 4, 6 сомонӣ баробар шудааст

 ДУШАНБЕ, 18 янв – Sputnik. Нархи гази моеъ ва бензину дизел (солярка) якбора ба 4, 3 ва 6, 6 сомонӣ дакка хурдааст. Дар баъзе аз навоҳии Тоҷикистон фурӯши газ 0, 30 сомонӣ ва бензину дизел то ба 0, 40 сомонӣ баланд шудааст.

Ронандаҳо мегуянд болоравии нарх ба ҷайби онҳо зарба мезанад. Ҳасан Каримов, як ронандаи таксӣ дар Хуҷанд мегуяд, болоравии нарх ба фаъолияти мусофирбарии ӯ барин сокинон таъсири амиқ мегузорад.

“Ҳоло газ то дар баъзе ҷойҳо 40 дирам гарон шудааст. Агар як ҳафта пеш 10 литр гази моеъро 40 сомонӣ мехридем, ҳоло он 43-44 сомонӣ шудааст. Мо нархро бардорем мардум ба мошин намешинад, набардорем фоида намемонад”, гуфт ронандаи таксӣ.

Зимнан сокинон мегуянд, арзиши маводи сӯзишворӣ қариб дар ҳамаи навоҳии кишвар яксон боло рафтааст. Чунин болоравии нарх дар муқоиса ба гузашта камсобиқа гуфта мешавад.

Баъзе аз масъулони ширкатҳои таъминоти сӯзишвории нақлиёт (АЗС) болоравии арзиши маводи сӯхтро ба коҳишёбии ҳаҷми воридоти он шарҳ медиҳанд.

Мирзо, як корманди нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, як ҳафта ба ин тараф воридот камтар шудааст.

“Ҳамаи маводи сӯхт дар кишвар аз хориҷа ворид мешавад, яъне ин моли ватанӣ нест. Вақте, ки воридот кам шуд, ҳаҷми моли ба бозор арзашаванда ҳам кам мешавад ва ин ба баландшавии нарх бе таъсир намемонад”, иброз намуд ӯ.

Вазири энергетика гуфт, киҳо бештар аз ҳама барқу газро медузданд

Чи гуна воридоти маводи сӯхт кам шудааст, ин ҳамсӯҳбати мо изҳори бехабарӣ кард ва гуфт, ки “инро роҳбарон медонанд, шояд аз ҳисоби болоравии нархи нефт аст”.

Бино ба додаҳои ширкатҳои молиявӣ, ҳоло қиммати 1 бучка (барелль) нафт дар бозори ҷаҳонӣ то ба 55 доллари амрикоӣ баробар шудааст ва гуфта мешавад ин рақам назар ба ҳамин давраи соли гузашта то 35 % баланд гуфта мешавад.

Дар Тоҷикистон маводи сӯхт аз хориҷа асосан аз кишвари Русия ва Қазоқистон ворид карда мешавад. Бино ба иттилоъи мақомоти гумрук, соли гузашта беш аз 430 ҳазор тон гази моеъ, 180 ҳазор тон бензин ва бештар аз 250 ҳазор тон маводи дизелӣ ба Тоҷикистон ворид шудааст.

Ширкатҳои "Фароз", "Газпром", "Газойл", "Ориё", "Роҳи Сомон нафт", "Се ганҷ" ва "Суғднефт" аз ҷумлаи воридкунандаҳои маводи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

118