Раҳимзода дар шаҳри Турсунзода

Раҳимзода ба сарбозони шаҳри Турсунзода туҳфаҳо тақдим кард

130
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода зимни сафар ба шаҳри Турсунзода бо афсарону сарбозони қисми ҳарбии 07150-и Вазорати дифоъ ва қисми ҳарбии 6592-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД дидор кардааст

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Вазорати корҳои дохилӣ, вазир аз синфхона, хобгоҳ, ошхона ва гӯшаи ҳунарҳои мардумии қисми ҳарбии 07150, ки бахшида ба "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" таъсис дода шудааст, дидан намудааст.

Зимни вохӯрӣ бо афсарону сарбозони қисми низомии 6592, аз иншооти ҷадид боздид карда, бо шароити хизмативу маишии афсарону сарбозон аз наздик ошно шудааст.

Вазири корҳои дохилӣ аз марҳилаҳои ташаккули Артиши миллӣ ёдовар шуда, гуфтааст, ки "Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон давраҳои вазнину мураккабро тай намуда, таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз сохторҳои боэътимоди давлату миллат табдил ёфтаанд".

Манбаъ афзуда, ки ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ бо Фармони Вазорати корҳои дохилӣ як қатор афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии 07150 ва 6592 бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

130
Барчаспҳо:
ошноӣ, сарбозон, дидор, ВКД-и Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода, Тоҷикистон