Вазири корҳои дохилаи Узбакистон пешниҳодҳои Раҳимзодаро қабул кард

© Фото : Аз ВУДДидори вазирони Тоҷикистону Узбакистон
Дидори вазирони Тоҷикистону Узбакистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири корҳои дохилии Узбакистон Пулат Бобоҷонов аз пазироии самимонаи ҷониби Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, зикр кардааст, ки муносибати дӯстонаю бародаронаи роҳбарони ҳарду давлат моро ба он водор месозад, ки ҳамкориро дар сатҳи олӣ ба роҳ монем

ДУШАНБЕ, 11 мар- Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, дирӯз вазирони умури дохилаи Тоҷикистону Узбакистон дидору мулоқот кардаанд.

Рамазон Раҳимзода Пулат Бобоҷоновро гуфтааст, ки "вохӯрии имрӯза барои таҳким бахшидани робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду мақомот мусоидат менамояд".

Зикр гардидааст, ки Узбакистон ҳамчун ҳамсояи наздик бо мо урфу одат ва расму оини муштарак дорад ва аз қадимулайём мардумони мо бо ҳам дӯсту бародар буданд. Дӯстии бузургони адабиёти тоҷику узбак Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ намунаи барҷастаи ин муносибатҳо мебошад.

Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ва Мирзиёев шахсан гузаргоҳи роҳи оҳани “Ғалаба-Амузанг”-ро ифтитоҳ намуданд

"Мо бояд аз гузашта беҳтару бештар ҳамкории худро густариш дода, дар мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ ва таҳдиду хатарҳои замони муосир дар ҳамбастагию якҷоягӣ фаъолият намоем",-гуфтааст Рамазон Раҳимзода.

Дар ҷараёни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ба меҳмони баландпоя ҷиҳати рушду равнақ додани ҳамкории судманди дуҷониба як қатор таклифҳо пешниҳод кардааст.

Аз ҷумла, мубодилаи иттилооти фаврӣ, мустаҳкам намудани ҳамкории пайвастаи воҳидҳои мақомоти корҳои дохилии ҳарду ҷониб, омода намудани кадрҳои баландихтисос дар заминаи Академияҳои вазоратҳои корҳои дохилии ҳарду давлат, омӯзиши таҷрибаи якдигар, ташкил намудани семинару конфронсҳои илмӣ-амалӣ ва чорабиниҳои варзишию фарҳангӣ ва дигар самтҳои корӣ.

Вазири корҳои дохилии Узбакистон аз пазироии ҷониби Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, гуфтааст, ки муносибати дӯстонаю бародаронаи роҳбарони ҳарду давлат моро ба он водор месозад, ки ҳамкориро дар сатҳи олӣ ба роҳ монем.

Вай таклифҳои вазири тоҷикро қабул ва дастгирӣ кардааст.

"Таклифҳои пешниҳоднамудаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси дастгирӣ буда, мо бояд бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм, ҷиноятҳои муташаккилонаи фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷинояту ҷинояткорӣ дар якҷоягӣ мубориза барем".

Лентаи хабарҳо
0