Нашри рӯйхати ронандагони сархуш дар ВКД

© SputnikТранспорт в Душанбе
Транспорт в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раёсати Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе феҳристи ронандагони срхушро дар торномааш нашр кардааст

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Шуъбаи БДА Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар давоми 6 рӯз дар ҳудуди шаҳри Душанбе 2986 адад қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор ва нисбати 7 ронанда бо далели дар ҳолати мастӣ рондани воситаи нақлиёт маводҳои маъмурӣ тартиб додаанд, омадааст дар торномаи ин ниҳод.

Гуфта мешавад, ки кормандони Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар самти таъмини амният ва бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, пешгирии вазъи садаманокӣ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе корҳои вижа мегузаронанд.

Ҳамчунин ба хотири ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофиркашон, пешгирӣ ва ошкору муайян намудани ҳолатҳои вайроннамоии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ кормандони БДА пайваста рейду амалиёт ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркаш доир менамоянд.

Ба иттилои манбаъ дар давоми як ҳафта аз 19 то 25 марти соли ҷорӣ нисбати 7 нафар бо далели идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ, 2 нафар дар ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт бе иҷозати сиёҳшиша, 5 нафар бе рақами қайди давлатӣ, 2 нафар идора намудани воситаи нақлиёт бе ҳуҷҷати ронандагӣ, 124 нафар баланд намудани суръати ҳаракати воситаи нақлиёт аз меъёри муқаррашуда, 83 нафар истифода бурдани телефони мобилӣ ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт ва дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳо маводҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Лентаи хабарҳо
0