Ҷузвдонҳо. Акс аз бойгонӣ

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ

918
Дар ВКД вилоятҳои Тошканд, Ҷиззак, Навоӣ, Бухоро, Сурхандарё ва Андиҷон тағйироти кадрӣ ба амал омад

ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Дар Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Узбакистон тағйироти кадрӣ амалӣ шудааст, хабар медиҳад равобити умумии ин ниҳод.

Подполковник Қосимов Файзулло Фахруллоевич сардори Раёсати технологияи информатсионӣ ва ҳифзи маълуоти ВКД Узбакстин таъйин шудааст.

Полковник Худойбергенов Илҳомбой Тиллобоевич вазифаи сардори Раёсати ВКД вилояти Тошкандро бар дӯш гирифт.

Полковник Сафаров Баҳриддин Уролович муовини сардори Раёсати ВКД вилояти Ҷиззак шуд.

Полковник Ҳасанов Оқил Аҳатович ба курсии муовини сардори ВКД вилояти Навоӣ такя зад.

Полковник Холов Фахриддин Элмуродович вазифаи муовини сардори ВКД вилояти Бухороро гирифт.

Подполковник Аҳмадҷонов Музаффар Холматович сардори бахше аз ВКД вилояти Тошканд таъйин шудааст.

Ҳамчунин дар Раёсати ВКД вилояти Андиҷон тағйироти кадрӣ ба амал омадааст.

Дар баробараи ин майор Болтаев Мурод Муҳаммадраҷабович сардори Раёсати Ангори вилояти Сурхандарё таъйин шудааст.

Пештар хабар дода шуд, ки додситони кулли Узбакистон расман эълом кард, ки ки бозҷӯӣ нисбати нахустмуовини собиқи додситони Тошканд Мираглам Мирзоев ва узви хонаводаи вай оғоз шудааст.

Қодиров аз соли 2000 то соли 2015 додситони кулли Узбакистон ва аз соли 2015 то соли 2017 узви Додгоҳи конститутсионии ҷумҳурӣ буд.

Он вақт Додситонии Узбакистон гузориш дод, ки дар оянда дар вебгоҳи ниҳод маълумотҳои мутобиқ дар бораи ин парванда мунташир хоҳанд шуд.

918
Барчаспҳо:
тағйироти кадрӣ, ВКД, Узбакистон