Саймуъмин Ятимов, акс аз бойгонӣ

Саймуъмин Ятимов бо ҳамтои узбакаш мулоқот кард

136
Раисини созмонҳои амниятии Тоҷикистону Узбакистон мусоили мубориза бо тероризми байналмилалиро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон Саймуъмин Ятимов ва раиси Хадамоти амнияти давлатии Узбакистон Ихтиёр Абдуллоев дар Тошканд дидору мулоқот карданд.

Бино бар иттилои телевизиони "Узбекистон 24", Ятимов бо Абдуллоев масоили таъмини амниятиро дар Осиёи Марказӣ баҳс карданд.

Тавре манбаъ меафзояд, раисини созмонҳои амниятии Тоҷикистону Узбакистон мусоили мубориза бо тероризми байналмилалӣ, ифродгароии динӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳаро  баррасӣ карданд.

"Ҷонибҳо заминаҳои бартари таъмини амнияти минтақавиро дида баромаданд. Ҳамчунин масоили бартарафсозии таҳдидҳои умумӣ амнияти давлатӣ аҳамияти хоса дода шуд",- омадааст дар хабар.

136
Барчаспҳо:
мулоқот, Саймуъмин Ятимов, Тоҷикистон