Артиши Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Артиши Тоҷикистон дар як сол нерӯмандтар шуд

137
(Таҷдидшуда 16:33 18.04.2018)
Дар раддабандӣ на танҳо шумораи силоҳ ба назар гирифта шудааст, балки намудҳои он ҳисоб карда шудаанд

ДУШАНБЕ, — Sputnik. Артиши  Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ҷаҳон 96-ум шуд. Ин раддабандиро созмони Global Firepower дар саҳифаи худ интишор намудаст.

Мувофиқи раддабандӣ ҷойи авалро Амрико, ҷойи дувумро Русия ва ҷойи севумро Чин гирифтаанд. Ба даҳгонаи бузургтарин артишҳои ҷаҳон Ҳиндустон, Фаронса, Бритониёи Кабир, Ҷопон, Туркия, Олмон, Миср дохил шуданд. Дар раддабандӣ 136 кишвари ҷаҳон баррасӣ шудаанд.

Дар байни кишварҳои Осиёи Миёна артиши Узбакистон 39-ум, Қазоқистон 50-ум, Туркманистон 80-ум ва  Қирғизистон 91-ум шудаанд.

Тибқи гузориши манбаъ, ҳангоми тартиб додани феҳрист 55 омил ба назар гирифта шудааст.

Қайд мешавад, ки на танҳо шумораи силоҳ, балки намудҳои он ҳисоб  шудаанд.

Ҳамчунин дар тартиб додани раддабандӣ мавқеи ҷуғроофӣ, имкониятҳои воситаҳои нақлиётӣ, иктишофи захираҳои табиӣ, саноати маҳаллӣ ва шумораи низомиён ба назар гирфита шудааст.

Ҳамчунин қайд кардан лозим аст, ки тибқи маълумоти и манбаъ соли гузашта Артиши  Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ҷаҳон 112-ум шуда буд.

Ёдоварӣ мекунем, ки порсол артиши Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ҷаҳон 112-ум шуд.

137
Барчаспҳо:
96-ум, ҷойгоҳи артиш, Артиши Тоҷикистон, Тоҷикистон
Президент РФ В. Путин

Муфид аст: шарҳи Путин дар бораи ҳузури ИМА дар Афғонистон

212
(Таҷдидшуда 17:43 25.10.2020)
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ҳузури низомиёни амрикоиро дар Афғонистонро истиқбол карда, аз ҳамкории ду кишвар дар сатҳи хадамоти махсус тавсиф намуд

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон аз нигоҳи амниятӣ муфид мебошад, изҳор дошт Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия.

“Ҳузури ИМА дар Афғонистон барои амният муфид мебошад”, - гуфт роҳбари Русия.

Путин инчунин таъкид кардааст, ки Русия аз ҳамкорӣ бо ИМА дар бахши мубориза бо терроризм қаноатманд мебошад.

Ӯ афзуд, ки маълумоти ироанамудаи Вашингтон борҳо имкон дод, ки ҳамлаҳои террористӣ дар қаламрави Русия ҷилавгирӣ шаванд.

“Сарфи назар аз мухолифатҳои зиёд дар бахшҳои гуногун, ҳамоно ҳамкорӣ дар сатҳи хадамоти махсус идома дорад... Дар баробари ин амрикоиҳо ба мо маълумоти зиддитеррорро ироа мекунанд”, - илова намуд Путин.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури ИМА, дар оғози моҳи марти соли равон дар бораи бидуни таъхир хориҷ кардани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон изҳорот дода буд. Аз ҷумла дар назар буд, ки теъдоди низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон тайи 135 рӯз аз 12 ҳазор нафар то 8,6 ҳазор нафар коҳиш дода шавад. Интизор мерафт, ки то интихоботи раисиҷумҳури ИМА теъдоди сарбозони ин кишвар дар Афғонистон ба 4-5 ҳазор нафар баробар карда мешуд.

212
Барчаспҳо:
Владимир Путин, ИМА, Путин, Русия
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон встретился с командующим Центральным командованием вооруженных сил США генералом Кеннетом Ф. Маккензи

Раҳмон ва генерал Маккензӣ амнияти Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд

383
(Таҷдидшуда 00:01 23.10.2020)
Ҷонибҳо атрофи вазъи кунунӣ дар Афғонистон мубодилаи афкор намуда, раванди музокироти сулҳро муҳокима карданд

ДУШАНБЕ, 22 окт – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фармондеҳи Фармондеҳии Марказии Қувваҳои Мусаллаҳи ИМА генерал Кеннет Ф. Маккензӣ, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, дидору мулоқот кард.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, дар рафти мулоқот як қатор масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, бахусус дар соҳаи амниятӣ, баррасӣ гардиданд.

Дар ин зимн ба мавзӯъҳои мубрами таъмини сулҳу суботи минтақавӣ ва хатару таҳдидҳои глобалии амниятӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи вазъи кунунӣ дар Афғонистон мубодилаи афкор анҷом дода, раванди музокироти сулҳро дар ин кишвари ба мо ҳамҷавор муҳокима карданд.

Раҳмон таъкид карда, ки ҷараёни рушди вазъият дар Афғонистони ҳамсоя пайваста дар маркази диққат қарор дорад ва Тоҷикистон аз талошҳои Ҳукумати Афғонистон дар самти истиқрори сулҳу суботи пойдор дар кишвар ҳамеша ҷонибдорӣ менамояд.

Манбаъ афзуда, ки дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо, ҳамчунин, роҷеъ ба дигар ҷанбаҳои муносибатҳои Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ибрози ақида намуда, алоқамандиашонро ба таҳкиму тақвияти ҳамкориҳояшон дар самти муборизаи муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ қайд кардаанд.

383
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, ИМА, мулоқот, дидор, Тоҷикистон
Приветственная Стелла в город Шахристон, архивное фото

Рушди қутоспарварӣ: аз ВМКБ ба Шаҳристон 10 сар қутос бурданд

0
Қутоспарварӣ дар вилояти Cуғд таҷрибаи нав набуда, ин навъи ҳайвонот то имрӯз дар навоҳии Айниву Куҳистони Мастчоҳ парвариш карда мешаванд

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияи Шаҳристон парвариши қутос ба роҳ монда шуд.

Бино ба гузориши хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд, бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз ВМКБ ба ноҳияи Шаҳристон 10 сар қутос оварда шуд, ки дар мавзеи Кимқули ноҳия ба таври таҷрибавӣ парвариш карда мешавад.

Минтақаи Кимқул аз минтақаҳои нисбатан сарди ноҳия маҳсуб ёфта, бино ба гуфти мутахассисон барои парвариши қутос мусоид аст.

Тавре маълум аст, қутос давоми ҳазорҳо сол тавассути интихоби табиӣ дар иқлими хунуки кӯҳистон ташаккул ёфта, дар минтақаҳои экологию ҷуғрофии мухталиф зиста наметавонад ва гармиро дар бадани худ зуд ҳис карда, дар ҷустуҷӯи ҷои сард мешавад.

Аз ин лиҳоз интихоби ин мавзеъ барои парвариши қутос ҳадафмандона буда, дар сурати зиёд шудани саршумор ин таҷриба дар дигар минтақаҳо низ истифода мегардад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо ҷангалбонон таъкид карда, ки қутоспарварӣ аз бахшҳои сердаромади чорводорӣ аст ва дар сурати мутобиқ шудан саршумори он дар ҷангалзори ноҳия афзоиш меёбад.

Қутоспарварӣ дар вилоят таҷрибаи нав набуда, ин навъи ҳайвонот то имрӯз дар навоҳии Айниву Куҳистони Мастчоҳ парвариш мегардад.

Тибқи иттилои масъулин саршумори қутос дар вилоят ба 2000 сар баробар гардида, теъдоди он сол аз сол зиёд шуда истодааст.

Ёдовар мешавем, ки моҳи июни соли ҷорӣ бо мақсади рушди хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳристон ба мавзеи Кимқули ноҳия 23 сар оҳуи навъи муфлони урупоӣ оварда шуда буд.

Масъулини хоҷагии ҷангал мегӯянд, ки аз ин оҳуҳо то ин замон се сар насл гирифта шуда, шумораашон ба 26 сар баробар шудааст.

0
Барчаспҳо:
соҳаи иқтисод, қутос, Тоҷикистон