Саймумин Ятимов, акс аз бойгонӣ

Марз ва амният: мулоқоти Саймумин Ятимов бо раисҷумҳури Афғонистон

271
(Таҷдидшуда 13:45 11.05.2018)
Ятимов бо Масъум Станкзай, раиси мудирияти амнияти миллии Афғонистон, Баҳром Торикшоҳ, вазири дифоъ, Аҳмад Вайс Бармак, вазири умури дохилӣ ва Ҳаниф Атмар, мушовири раисҷумҳури ин кишвар низ музокирот кард

ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов бо раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ мулоқот кардааст. Дар ин бора хабаргузории ТоҷикТА дар истинод ба як манбаи худ иттилоъ медиҳад.

Гуфта мешавад, Ятимов рӯзҳои 7-9 май ҳангоми сафар ба Кобул ҳамчунин бо як қатор намояндагони сохторҳои низомии Афғонистон низ дидор ва мулоқот кард.

"Ҷонибҳо дар мулоқот масоили ҳамкории ду кишвар дар умури тақвияти марзҳо, мубориза бо терроризм ва қочоқи маводди мухаддирро баррасӣ карданд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Саймумин Ятимов бо Ашраф Ғанӣ низ самтҳои гуногуни ҳамкорӣ дар заминаи амниятиро мавриди баррасӣ қарор додааст.

Раиси КДАМ ҳамчунин бо Масъум Станкзай, раиси мудирияти амнияти миллии Афғонистон, Баҳром Торикшоҳ, вазири дифоъ, Аҳмад Вайс Бармак, вазири умури дохилӣ ва Ҳаниф Атмар, мушовири раисҷумҳури ин кишвар низ музокирот кард, меафзояд манбаъ.

271
Барчаспҳо:
амният, мулоқот, Саймумин Ятимов, Ашраф Ғанӣ, Тоҷикистон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и глава Беларуси Александр Лукашенко

Лукашенко нақл кард, ки чӣ гуна дӯсташ Раҳмон вориди Душанбе шуд, то тартибот ҷорӣ кунад

2684
(Таҷдидшуда 23:16 04.06.2020)
Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорус, дар пайи таъйини ҳукумати нави кишвараш изҳор дошт, ки аз ҳама муҳим ҳифзи сулҳу субот мебошад

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Лукашенко зимни суханронияш баъди таъйини ҳукумати нав изҳор дошт, ки Белорус ягона кишвари пасошӯравӣ аст, ки мусибатро надид.

Ӯ аз ҷумла танишҳо дар Украина, Гурҷистон, Молдова, Озарбойҷону Арманистон, Литваро зикр карда, солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро мисол овард.

Лукашенко нақл кард, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо нерӯи низомӣ вориди Душанбе шуд, то тартиботро ҷорӣ кунад, хабар дод нашрияи "Беларусь сегодня".

“Касе намедонад, ки чигуна дӯстам Раҳмон бо пулемёт вориди пойтахти Тоҷикистон шуд, то тартиботро ҷорӣ кунад. Чандин нафар он ҷо мурд. Чигуна бо ришдорҳо мубориза мебурданд”, - гуфт Лукашенко.

Раисиҷумҳури Белорус инчунин аз он нақл кард, ки чигуна Ислом Каримов, раисиҷумҳури пешини Ӯзбекистон дар Андиҷон бо парондани ҳазор нафар ошӯбро шинонд.

“Ҳама ӯро маҳкум мекарданд, аммо вақте фавтид, ба зону зада фиғон бардоштанд, гиря мекарданд. Мо чунинро аз сар нагузарондаем ва намехоҳем онро дарк кунем. Бархе намехоҳанд, аммо мо ёдрас мекунем”, - гуфт Лукашенко.

Раисиҷумҳури Белорусия дар ҳузури ҳукумати ҷадиди кишвараш аҳамияти ҳифзи сулҳу суботро таъкид намудааст.

2684
Национальный банк Таджикистана

Рӯйхати "сиёҳи" Бонки миллӣ нав шуд: киҳо ва кадом созмонҳо шомиланд

1065
(Таҷдидшуда 10:18 29.05.2020)
Теъдоди умумии афроде, ки дар иртибот бо терророризм ва ифротгароӣ гумонбар мешаванд, давоми соли ахир қариб ду баробар зиёд шудааст

ДУШАНБЕ, 29  май — Sputnik. Дар Тоҷикистон рӯйхати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки бо терроризм алоқаманданд, нав карда шуд, хабар медиҳад Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон.

Ҳамин тариқ, шумораи умумии афрод, ки дар робита бо террористон ва экстремист гумонбар мешаванд, нисбати соли гузашта қариб ду баробар зиёд шудааст. Агар як сол пеш 1356 нафар ба қайд гирифта шуда бошад, пас дар ҳоли ҳозир - 2647 нафар аст.

Моҳи апрели соли гузашта ин рӯйхат ду қисм, нахуст афроди воқеие, ки аз ҷониби Тоҷикистон ҳамчун “шахсони бо терроризм алоқадошта” ва дуввум “шахсони бо ифротгароӣ дастдошта” ҷудо шуда буд

Ҳамакнун, танҳо як рӯйхат вуҷуд дорад, ки ба он 15 созмону ташкилотҳои террористӣ ва экстремистиро, ки дар Тоҷикистон манъ карда шудаанд, шомиланд, ки аз ин қабиланд:

"Ал-Қоида", "Ихвон ул-Муслимин (Бародарони мусалмон)", "Лашкари-Тайиба", "Ҳаракати Толибон", "Ҳаракати исломии Ӯзбекистон", "Давлати исломии Ироқу Шом", "Ҷабҳат ан-Нусра", "Ҷамоати Ансоруллоҳ", "Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон", "Ҷамъияти Исломӣ", "Паймони миллии Тоҷикистон", "Ҷамъияти Таблиғ", "Даъват ба ислом", "Тоҷикистони озод", "Гурӯҳи 24".

Қаблан Бонки миллии Тоҷикистон дар як баёнияи худ эълон кард, ки рӯйхати шахсони ба терроризм алоқамандро Бонк тартиб намедиҳад, чунки он аз ҷониби мақомоти дахлдоре, ки бар зидди терроризм мубориза мебрад муайян карда мешавад.

“Тартиб додани рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд дар салоҳияти Бонки миллии Тоҷикистон нест”, - зикр намудааст бонки миллии Тоҷикистон.

Ҳамзамон БМТ қайд намудааст, ки Тартиб мутобиқи талаботҳои Қатъномаҳои Шурои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид (ША СММ), Гурӯҳи тадбиқи чораҳои молиявӣ (ФАТФ), қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” ва “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” ба роҳ монда шудааст.

 

1065

Бидуни фавт: омори тозаи гирифторони COVID - 19 дар Тоҷикистон

0
(Таҷдидшуда 18:06 05.06.2020)
То 5 июн дар Тоҷикистон 4370 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар кишвар 2491 (57%) нафар шифо ёфтаанд

ДУШАНБЕ, 5 июн – Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторони коронавирусро нашр кард.

"Шабонарӯзи гузашта 81 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор шуда, ягон ҳолати фавт ба қайд гирифта нашуд", - омадааст дар хабарнома.

Тибқи иттилои ин ниҳод, то 5 июн дар Тоҷикистон 4370 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар кишвар 2491 (57%) нафар шифо ёфтаанд. То имрӯз дар Тоҷикистон аз ин беморӣ 48 нафар фавтидаанд.

Мубориза бо КОВИД-19: дар Бӯстон маҳлули хлор тақсим мекунанд

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки то 5 июн дар кишвар 1355 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 219 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Мо метавонем: ширкатҳои Тоҷикистон даҳҳо тонна собун, хлор ва антисептик истеҳсол карданд

0
Барчаспҳо:
бемориҳои сироятӣ, сироят, вируси нав, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон