Ҷангиёни ДИИШ, акс аз бойгонӣ

"ДОИШ" масъулияти қатли сайёҳон дар Данғараро ба дӯш гирифт

2828
(Таҷдидшуда 13:07 31.07.2018)
Созмони террористии "ДИИШ" масъулияти ҳамла ба сайёҳон дар Данғараро ба дӯш гирифт

ДУШАНБЕ, 31июл — Sputnik. Ин созмони террористӣ бо пахши як изҳорот бо забони арабӣ дар Твиттер таъкид намудааст, ки ҳамла ба шаҳрвандони коалитсияи кишварҳои салибӣ кори "сарбозони хилофат" мебошад. 

Ин ниҳод ҳушдор додааст, ки аз пайи озори шаҳрвандони кишварҳои салибӣ дар ҳар нуқтаи ҷаҳон аст ва амалҳои минбаъдааш бадтар аз ин хоҳанд буд.

Расонаҳои ИМА бо нашри ин изҳороти "ДОИШ" изҳор доштаанд, ки дар сурати тасдиқи он, ҳамлаи Данғара нахустин марги шаҳрвандони ИМА аз дасти террористон дар хориҷи кишвар тайи як соли охир хоҳад буд.

Ҳушдори "ДОИШ" дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 30 июл дар ҷаласаи ҳукумат  ҳодисаи Данғараро ба баррасӣ гирифта, дастур дод, ки дар саросари ҷумҳурӣ тадобири амниятӣ пурзӯр карда шаванд.

Ҳодисаи маргбор 29 июл дар ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара рух дод, ки дар натиҷа чор нафар, ду шаҳрванди ИМА ва шаҳрвандони Ҳолланду Швейтсария ба ҳалокат расиданд. Мошини "Леганза", ки ҳомили афроди мусаллаҳ будааст, гуруҳи дучархасаворонро зер кардааст ва сипас ҷабрдидагон ҳадафи ҳамла бо корд қарор гирифтаанд.

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки тамоми фарзияҳоро аз садамаи нақлиётӣ, то роҳзанӣ ва амали террористӣ баррасӣ хоҳанд кард.

Ин дар ҳолест, ки субҳи имрӯз, 31 июл ВУД ҷузъиёти ҳамла дар Данғараро нашр карда, онро кори аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ хондааст.

 

 

2828
Барчаспҳо:
ҳамлаи маргбор, ДИИШ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Фоҷеаи садама ва куштори гардишгарон дар Данғара (8)