Сайфиддинов Вайсиддин

Хато занг задааст: раҳоии Сайфиддинов, деҳқони муттаҳам дар ҳамлаи Данғара (Навор)

1854
(Таҷдидшуда 13:44 03.08.2018)
Фотеҳ Аминзода, раиси ноҳияи Ҷайҳун аз раҳо шудани як сокини ин ноҳия, ки дар ҳамла ба сайёҳон дар Данғара муттаҳам мешуд, хабар додааст

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik.  Аминзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ додааст, Вайсиддин Сайфиддинов, сокини ноҳияи Ҷайҳун, ки бо гумони доштани алоқа бо гуруҳи ҳамлагар ба сайёҳон дар Данғара боздошт шуда буд, як деҳқони оддӣ аст. Ӯ иштибоҳан қабл аз ин ҳодиса ба рақами телефони яке аз ҳамлагарон занг задааст ва баъди он, ки фаҳмидааст рақамро хато гирифтааст, суҳбатро қатъ кардааст.

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон қаблан иттилоъ дод, ки бо гумони доштани алоқа ба гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ,  сокинони шаҳри Кӯлоб Шарипов Диловар, Назаров Ҷамшед ва сокини ноҳияи Ҷайҳун Сайфиддинов Вайсиддин боздошт шудаанд. Ба иттиҳоми маблағгузорӣ намудани ин гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ,  сокини шаҳри Норак Ғаниев Кароматулло Исматуллоевич дастгир карда шудааст.

Инчунин феълан Абдусамадов Ҳусейн Абдусамадович, соли таваллудаш 11.06.1985, зодаи ноҳияи Панҷ, сокини шаҳри Душанбе, ки роҳбари гуруҳи ҷиноӣ муаррифӣ мешавад, дар боздошт қарор дорад.  Чор узви дигари ин гуруҳ нобуд карда шуданд.

Дар ҳамлаи 29-уми июл дар ноҳияи Данғара 4 сайёҳ ба ҳалокат расида, ду нафар маҷруҳ шуд.

Навори ин ҳамла дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст

 

 

1854
Барчаспҳо:
Вайсиддин Сайфиддинов, бегуноҳ, раҳоӣ, Тоҷикистон