Маҳбус, акс аз бойгонӣ

Мақомоти амният: Мурод Алиев дар зиндон кинаю адовати динӣ барангехт

307
(Таҷдидшуда 13:30 08.08.2018)
Додгоҳи Русия ба ҳукми Мурод Алиев, маҳбуси 44-солаи тоҷик дар вилояти Архангелск зам карда, ӯро барои ҳимоят аз терроризм ва тафриқаандозии динӣ ба 5 солу 5 рӯзи дигари зиндон маҳкум кардааст

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Тибқи иттилои мақомоти амнияти федералӣ дар вилояти Архангелск, Алиев соли 2010 барои нашъаҷаллобӣ ба ҳабс маҳкум шудааст.  

Манбаъ мегӯяд, Алиев дар зиндон ба таври оммавӣ аз фаъолияти созмони террористӣ ҳимоят карда, равияҳои ифротгарои диниро пайравӣ мекардааст. Тибқи маводи пешниҳодкардаи зиндонбонҳои муассисаи ислоҳии рақами 28-и ноҳияи Коноши вилояти Архангелск, Алиев миёни маҳбусон тафриқаандозӣ карда, изҳороташ боиси барангехтани кинаю адоват нисбати намояндагони адёни дигар гардидааст.

Додгоҳ бо назардошти ҳукми пешини Алиев дар маҷмуъ ӯро боз ба 5 солу 5 рӯзи дигари зиндон маҳкум кардааст. Ӯ инчунин барои ду сол аз ҳаққи фаъолияти динӣ-таблиғотӣ маҳрум шудааст. 

Мақомоти Русия мегӯянд, қарори мазкур феълан ҳукми қонунӣ нагирифтааст ва имкони шикоят аз болои он ба марҳилаҳои болоӣ вуҷуд дорад.

307
Барчаспҳо:
тафриқаандозии динӣ, ҳукми зиндон, Русия-Тоҷикистон