Антониу Гутерриш, дабири кулли СММ, акс аз бойгонӣ

Ёди дабири кулли СММ аз террор дар Данғара: чӣ кунем, ки террористон ба мақсад нарасанд?

351
(Таҷдидшуда 13:40 22.08.2018)
Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид 21 август, дар рӯзи ҷаҳонии ёди қурбониён ва дастгирии ҷабрдидагони терроризм аз террори маргбор дар ноҳияи Данғара ёдовар шуда, изҳор дошт, ки ягон кишвару миллат аз терроризм дар амон нест

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Гутерриш дар рӯзи ҷаҳонии ёдбуди қурбониён ва дастгирии ҷабрдидагони терроризм изҳор дошт, ки ҳамлаҳои охири террористӣ, аз Тоҷикистон то Бритониёи Кабир, Бағдод то Барселона ҷаҳониёнро такон доданд.

"Ин нишон дод, ки ягон кишвар наметавонад худро аз терроризм эмин хонад. Ҳар миллат метавонад, қурбони ҳамлаҳои террористӣ шавад", —изҳор доштааст Гутерриш.

Ӯ таъкид намудааст, ки терроризми байналмилалӣ аз ҷумлаи таҳдидҳои бузургтарин барои осоиштагӣ дар ҷаҳон буда, аксаран шаҳрвандон дар Афғонистон, Ироқ, Нигерия, Сомалӣ ва Сурия қурбони терроризм мегарданд.

Дабири кулли СММ ҷаҳониёнро ба дастгирии ҷабрдидагони терроризм даъват карда, изҳор дошт, ки ба ҳамин восита метавонем аз ҳадафи террористон, ки густариши бадбинию тафриқаандозӣ дар ҷаҳон аст, ҷилавгирӣ кунем.

"Ҷабрдидагон бояд аз кӯмакҳои дарозмуддати молӣ, ҳуқуқӣ, тиббӣ ва равонӣ бархӯрдор бошанд", — таъкид намудааст Гутерриш.

Дабири кулли СММ зикр кардааст, ки баъди ҳамлаҳои террористӣ мо дар бораи онҳое, ки маҷруҳ ё кушта шуданд, хеле кам мешунавем.

"Инҳо одатан духтарону бачаҳо, занону мардони оддиянд, ки ҳадафи ҳамлаи террористӣ қарор гирифтанд ва ҳаёташон қатъ гардид ё барои ҳамеша тағйир ёфт. Дар бораи оилаҳои қурбониён, дӯстон  ва ҷамоатҳо, ки маҷбуранд бо бори терроризм зиндагӣ кунанд, кам ёд мекунем", — изҳор доштааст  Гутерриш.

Ӯ гуфтааст, 21 август, рӯзи ҷаҳонии эҳтирому ёдбуди қурбониёну ҷабрдидагони терроризм бо ҳадафи дастгирии бештари онҳо аз ҷониби СММ эълон шуд.  

Гутерриш таъкид намудааст, ки бо дастгирии бештари қурбониёни терроризм ва оилаҳои онҳо, кишварҳои ҷаҳон уҳдадории умумияшонро иҷро мекунанд ва зарбаеро, ки террористон ба афроди алоҳида, хонаводаҳо ва ҷамъиятҳо мерасонанд, коҳиш медиҳанд.

Зикри Гутерриш аз ҳамлаи террористӣ дар ноҳияи Данғара дар ҳолест, ки ин фоҷеа 4 кушта ва ду маҷруҳро барҷой гузошт.  Ҳамлаи рӯзи 29 — уми июл дар минтақаи Себистони ноҳияи Данғара, дар вилояти Хатлон рух дода, масъулияти онро "ДОИШ" ба уҳда гирифт.  Вазорати умури дохилӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон Ҳизби мамнуи наҳзати исломиро муттаҳам карданд, вале ин ҳизб иттиҳомотро рад намуд.

351
Барчаспҳо:
дастгирӣ, Данғара, терроризм, қурбониён, СММ, Тоҷикистон
Встреча министра МВД Таджикистана и министра МВД Ирана

Генерали тоҷик бо ҳамтои эронияш амнияту табодули иттилоъро баррасӣ кард

297
Генерал Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон бо ҳамтои эронияш Абдулризо Раҳмонии Фазлӣ густариши ҳамкориҳоро дар умури амният баррасӣ намуд

ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, Раҳимзода ва Фазлӣ дар Кохи Сомон, бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумат ҳамкориҳои мутақобилан судманд барои мубориза бо зуҳуроти номатлуб ва хатару таҳдидҳои замони муосирро баррасӣ кардаанд.

“Ҳамзамон дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои таҳким бахшидани ҳамкориҳои якҷояро дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва мубодилаи иттилоот мавриди баррасӣ қарор доданд”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ бо Абдулризо Раҳмонии Фазлӣ, вазири кишвари Эрон ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишварро дар соҳаи амниятӣ муҳокима карда буд.

Ба иттилои котиботи раисиҷумҳур, дар мулоқот зикр шуд, ки то ба имрӯз миёни кишварҳо зиёда аз 160 санади ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла Ёддошти тафоҳум оид ба усул ва чаҳорчӯби ҳамкории дуҷониба дар соҳаи амният ба имзо расидааст, ки заминаи ҳуқуқии муносибатҳои ҷонибҳоро ташкил медиҳанд.

"Вобаста ба ин сарвари давлати Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷониби Эронро ба аҳамияти иҷрои фаъоли муқаррароти санади мазкур ҷалб кард", - иттилоъ дод котиботи раисиҷумҳур.

297
Барчаспҳо:
амният, Эрон, Тоҷикистон

Аз ҷобаҷогузории кадрҳо то хатарҳои нав: паёми Президент ба низомиён

1760
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳуриро шодбош гуфта, зикр намуд, ки артиш бисту ҳашт сол қабл амалан дар ҷойи холӣ таъсис дода шуда, имрӯз ба сохтори муқтадиру боэътимод табдил ёфтааст

ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошоияш гуфт, мардуми Тоҷикистон хотираи ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осудаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳаргиз фаромӯш намекунанд.

“Ман имрӯз дилпурона изҳор менамоям, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи мо, ки дар тӯли таърихи қариб сӣ соли сипаришуда аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сангину мураккаб сарбаландона гузаштаанд, рисолати касбӣ ва қарзи ватандӯстонаву шаҳрвандии худро минбаъд низ бошарафона иҷро мекунанд”, - изҳор дошт раисиҷумҳур.

Аз киберҷиноятҳо то низоъҳои динӣ: Раҳмон хостори омодагӣ шуд

Раисиҷумҳури Тоҷикистон илова намуд, ки имрӯзҳо, ки вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла минтақаи моро таҳдиду хатарҳои муосир печида гардондаанд. Ӯ дар феҳрасти таҳдидҳои муосир, қабл аз ҳама, терроризму ифротгароӣ, низоъҳои диниву мазҳабӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ном бурд.

“Мо бояд ҷиҳати ба талаботи рӯз мутобиқ гардонидани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда, бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо иқтидори мудофиавии мамлакатро тақвият бахшем”, - зарур хонд Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ риояи ҳатмии интизоми хизматӣ ва талаботи ойинномаҳои ҳарбиро таъкид карда, афзуд, ки дар ин раванд, ба масъалаи тарбия ва интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо эътибори аввалиндараҷа дода шавад.

“Зеро иқтидор ва қобилияти ҷангии ҷузъу томҳои ҳарбӣ, пеш аз ҳама, аз сатҳи касбияти мутахассисон, яъне кадрҳои низомӣ, донишу таҷриба ва маҳорату малакаи онҳо вобаста мебошад”, - тавзеҳ дод Раҳмон.

Раисиҷумҳур дастур дод, ки дар ҷараёни омода кардан ва ҷобаҷогузории кадрҳо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадоранд, ки ба обутоби ҷисмониву маънавӣ, сатҳи донишу ҷаҳонбинӣ, забондонӣ, ҳисси ватандӯстӣ, одоби муошират ва дигар сифатҳои шахсиву ахлоқии кадрҳои оянда диққати ҷиддӣ диҳанд.

1760
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, низомиён, Тоҷикистон
Конкурс Чакомаи Гесу в Худжанде

Мӯдарозтарин духтари Душанберо муайян карданд

0
(Таҷдидшуда 21:07 24.02.2021)
Дар Душанбе фестивали "Чакомаи гесу" ҷамъбаст гардид ва ғолибони озмун - духтарони муйдарози пойтахт муайян шуданд

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр "Чакомаи гесӯ" баргузор гардид.

Дар оғози фестивал намоишгоҳи маҳсулоти ороишии  ҳунармандон, анвои гуногуни ороиши миллии занонаи аз ҷиҳати экологӣ фоидаовар ва лавозимоти марбут ба парваришу ороиши мӯйю рӯй  ба маъраз гузошта шуд.

Дар фестивал инчунин ашъори баланпоя ва суруду рақс, ривояту таронаҳои мардумӣ оид ба ҳусну таровати рӯй, ҷозибаи гесӯ, сарулибос ва ороишоти миллӣ, истифодаи маҳсулоти табиии ватанӣ дар парваришу нигоҳбини рӯйю мӯй ва муҳофизати пӯсти дасту рӯй тарғибу ташвиқ гардид.

Дар фестивали мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, Раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, ғолибони даври ноҳиявии фестивал аз ноҳияҳои пойтахт ва сокинони шаҳр  иштирок намуданд.

Мавриди зикр аст, ки давоми се соли охир фестивали мазкур дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар тамоми қаламрави мамлакат доир  мегардад.

Рустам Эмомалӣ қарор кард: дар Душанбе фестивали "Чакомаи гесу" баргузор шавад

Дар фарҷоми Фестивал ғолибони бахшҳои он ва иштирокчиёни фаъол бо диплому сипоснома ва ҷоизаи махсуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.

0