Аъзои ҳаркати мамнӯи Толибон, акс аз бойгонӣ

Толибон бо "гранатамёт" аз Дарқад парондаанд: фарзияи аввали ҳамла дар Фархор

634
Мақомоти Тоҷикистон дар ҳамлаи маргбори 26 август дар ноҳияи Фархор Толибонро муттаҳам медонанд

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik.  Тавре ТоҷикТА хабар додааст, ҳамлаи Толибон ба "Нива"-и ҳомили ҷангалбонҳои тоҷик аз минтақаи Дарқади вилояти Тахори Афғонистон сурат гирифтааст. Бар асоси иттилоияи аввалия тирпаронӣ аз "гранатамёт" амалӣ шуда, дар натиҷа ду нафар кушта ва як нафар маҷруҳ шудааст.

Аз кушташудагон Амирхон Саидови 53-сола,  Давлат Сангакови 50-сола ном бурда шуда, таъкид гардидааст, ки Сафархон Раҳмонов дар ин ҳамла маҷруҳ гардидааст.

То ҳол мақомот расман ин ҳамларо шарҳ надодаанд.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон аз таҷаммӯи ҷангиёни ифротӣ дар наздикии марзи Афғонистон бо Тоҷикистон хабар дода, изҳор дошта буданд, ки ҳудуди 130 километри марзи Афғонистон бо Тоҷикистон таҳти назорати пурраи ҷангиёни ифротӣ қарор дорад.

Мақомоти Тоҷикистон иттилоъ дода буданд, ки дар рӯбарӯи ноҳияҳои Фархору Ҳамадонӣ, тақрибан 70 километр сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар самти вулусволии Хоҷағор, Дарқад, Хоҷа Баҳовуддин ва Янгиқалъаи вилояти Тахор таҳти назорати гуруҳҳои муташаккили Толибон қарор доранд.  Инчунин дар вулусволии Ишкамиш, Фарход ва Варсаҷи вилояти Тахор низ мавқеи гуруҳи Толибон ва ифротгароёни хориҷӣ мушоҳида гардидааст.

634
Барчаспҳо:
ҷангалбонҳо, Фархор, кушта, ҳамла, Тоҷикистон-Афғонистон