Бинои Додситонии кулли Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Фармонҳои раисиҷумҳур барои қадрдонии прокурорҳо барои кори бенуқсу софдилона

1032
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои фармонҳо кормандони мақомоти додситониро қадрдонӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон, барои меҳнати бенуқсону софдилона ва ба даст овардани натиҷаҳои назарраси корӣ, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон,  прокурори вилояти Суғд, Воҳидов Ҳабибулло бо медали хизмати шоиста қадрдонӣ шуд.

"Инчунин муовини якуми прокурори Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Зоирзода И.О., сардори шуъбаи таҳлил ва омори Прокуратураи генералӣ Нурзода С.Н. ва прокурори калони раёсати назорати умумии Прокуратураи генералӣ Қурбонзода Т.Х. бо медали Хизмати шоиста сарфароз гардонда шуданд", — омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, ки сардори шуъбаи қабули шаҳрвандон ва баррасии муроҷиатҳои онҳо дар Додситонии кулли кишвар  Ҳамрозода С.К. ва сардори шуъбаи муқовимат бо терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллии прокуратураи вилояти Хатлон Зоирзода С.Р. бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

1032
Барчаспҳо:
қадрдонӣ, фармон, медал, ҷоиза, прокурор, Тоҷикистон