Ҷей ва Лорен, қурбониёни ҳамлаи террористӣ дар Данғара

Раисиҷумҳур террор дар Данғараро кори наҳзатиҳо хонд: ҳам ҳиҷолати сахт ва ҳам ҳушдор шуд

1125
(Таҷдидшуда 12:40 15.09.2018)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳамлаи террористии 29-уми июл дар ноҳияи Данғараро кори дасти аъзои Ҳазби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ хонд

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik.  Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони ВМКБ  гуфт,  амали террористӣ дар ноҳияи Данғара боиси ҳиҷолати ҳамаи мо ва дар айни замон ҳушдори ҷиддӣ гардид. 

"Амали бисёр нангини террористӣ, яъне ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ, ки 29 июли соли ҷорӣ дар ҳудуди деҳоти Себистони ноҳияи Данғара содир шуд ва дар натиҷаи ин кирдори ноҷавонмардонаи хоинони миллат — аъзои собиқ ҳизби террористиву экстремистии наҳзат чор нафар ба ҳалокат расида, ду нафари дигар захмӣ шуд, барои ҳамаи мо боиси хиҷолати сахт ва дар айни замон ҳушдори ҷиддӣ гардид", — изҳор доштааст Эмомалӣ Раҳмон.

Раисиҷумҳур изҳор доштааст, ки то аввали июни соли 2018 аз ҷониби  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  49 нафар сокинони ВМКБ, ки ҷиноятҳои хусусияти террористиву экстремистидоштаро содир намудаанд, ошкор карда шуда, онҳо дар ҷустуҷӯ қарор доранд.

"Махсус хотирнишон месозам, ки 48 нафари онҳо сокинони деҳоти Язғуломи ноҳияи Ванҷ мебошанд", — таъкид намудааст раисиҷумҳур.

Ӯ афзудааст, аз 107 нафар сокинони вилоят, ки дар муассисаҳои ба ном таълими динии хориҷи кишвар ғайриқонунӣ таҳсил мекарданд, 80 нафарашон ба Ватан баргардонида шуда, 27 нафари онҳо то ҳол дар хориҷи кишвар қарор доранд. Ҳамаи онҳо низ сокинони ноҳияи Ванҷ мебошанд, изҳор дошт раисиҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон бо зикри ин омор гуфт, маълум мегардад, ки фаъолияти мақомоти дахлдори давлатӣ ва аҳли ҷомеа доир ба таъмин намудани волоияти қонун кофӣ нест.

"Барои бартараф намудани чунин амалҳои нангин, ки боиси дар арсаи байналмилалӣ коста шудани эътибори давлату миллат мегарданд, бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ва хусусан, миёни наврасону ҷавонон вусъат дода шаванд", — таъкид намудааст раисиҷумҳур.

1125
Барчаспҳо:
наҳзатиҳо, Данғара, раисиҷумҳур, терроризм, Тоҷикистон