Ҳамкорӣ бо ҷинояткорон барои гирифтани рутба ва унвонҳо дар Тоҷикистон

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонРоҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мулоқот бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар Хоруғ
Роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мулоқот бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар Хоруғ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон амали бархе аз сокинони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро, ки ба гуфтаи ӯ аз шаҳрвандони Афғонистон миқдори зиёди силоҳ харид мекунанд, мояи нигаронӣ хонд

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ, гуфт, баъзан кормандони ҳифзи ҳуқуқ барои хариди силоҳ кӯмаку мусоидат мекунанд.

Ӯ шарҳ дод, ки мақомдорони ҳифзи ҳуқуқ ба ин амали ғайриқонунӣ барои нишон додани натиҷаи хидматӣ, "резултат" ва гирифтани рутбаю мукофотҳои давлатӣ даст мезананд. Раисиҷумҳур иттилоъ дод, ки ба ҳамин восита 120 адад силоҳ ба даст оварда шудаст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон
Як моҳ муҳлат ба Ятимов, Раҳимзода, раиси ВМКБ: лозим шавад қувваҳои мусаллаҳро кор баред

Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, ки барои ин кор мақомдорони баландрутбаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар назди қонун ҷавоб медиҳанд.

Ӯ роҳбарони мақомотро муваззаф намуд, ки барои муайян ва барканории чунин афроди боқимонда чораандешӣ кунанд, чун онҳо худ ҷинояткоранд ва набояд дар сафи мақомот ҷой ёбанд.

Инчунин Эмомалӣ Раҳмон, зимни мулоқот дар хитоб ба сокинони ВМКБ, ки қисми зиёдашон шиаи исмоилия мебошанд, таъкид намуд, ҷангҳое, ки дар дунё рафта истодаанд, ҷангҳои мазҳабӣ мебошанд.

"Ина Вардуҷ, рӯ ба рӯи Ишкошим. Ина ба Дарвоз омаданд, рӯбарӯи мо ва шумо", — изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Раисиҷумҳур афзуд, ки бо наздикшавии ҷангиён гуруҳҳои ҷиноятӣ дар ВМКБ ба даводав даромадаанд, ки чӣ кор мешуда бошад.

"Ба ҷои ҳамкорӣ бо марзбонон ва мустаҳкам кардани марзу таъмини амнияти мардуму давлат, баъзан амалҳоеро анҷом медиҳанд, ки ба ақли инсонӣ рост намеояд", — афзуд ӯ.

Лентаи хабарҳо
0