Завлона, акс аз бойгонӣ

Мурофиаи 15-дақиқаӣ: чӣ гуна Аҳмад Амирӣ, додраси Ироқ занони тоҷикро ҳукм кард?

554
Ҳомиёни ҳуқуқ ва расонаҳои ғарб аз шеваи муносиботи додгоҳи Ироқ бо модарони серфарзанди тоҷик, собиқ ҳамсарони ҷангиёни “ДОИШ” дар ин кишвар интиқод карданд

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Додрас Аҳмад Амирӣ давоми як субҳи ҳафтаи гузашта 9 зани тоҷикро ба ҳабси абад, ё 20 соли зиндон маҳкум кардааст.

“The Times” бо нашри як мақола аз ҷараёни мурофиаи додгоҳии собиқ ҳамсарони ҷангиёни “ДОИШ”, ки аксарашон фарзандони ноболиғ доранд, таъкид кардааст, ки додгоҳ ҳеч тараҳҳум ва талоше барои омӯзиши саргузаштҳои ин афродро нишон намедиҳад.

Нашрия аз қазияи Оишаи 31-сола, шаҳрванди Тоҷикистон, зикр кардааст, ки кӯдаки ноболиғ дар даст ба додрас гуфт, ҳеч нақше дар ҷанг надоштаасту аз сӯи шавҳараш ба ин кишвар оварда шуд.

“Шавҳарам гуфт, ки дар ин ҷо кор ёфтааст”, - изҳор доштааст Оиша дар додгоҳ.

Аммо додрас Аҳмад Амирӣ ва додситонҳо дар мурофиаи 15 дақиқаӣ талоше барои таҳқиқи саргузашти ӯ накарданд. Додрас ба Оиша гуфтааст, ки ба далели убури ғайриқонунии марзи Ироқ ва иртибот бо “ДОИШ” ӯ ба “ҳабси абад”, ки амалан 20 соли зиндонро дар бар мегирад, маҳкум шуд, навиштааст  The Times.

Манбаъ афзудааст, ки Аҳмад Амирӣ он субҳ 9 зани тоҷикро, ки фарзандони ноболиғ доштанд, ба ҷазои сангин маҳкум намуд. Миёни маҳкумшудагон танҳо як нафар бо забони арабӣ балад будааст ва аксарашон дар шаҳри Талафар боздошт гардидаанд. Ба навиштаи расонаҳои аврупоӣ дар мурофиаи занони тоҷик, дипломати Тоҷикистон аз сафорат дар Қувайт низ иштирок доштааст, ки бо маҳкумшудагон суҳбатҳои кӯтоҳе карда, барояш қайд мекардааст.

 Дар додгоҳ ҳамаашон изҳор доштаанд, ки аз ҷониби шавҳаронашон ба Ироқ оварда шудаанд ва ҳамсаронашон дар ин ҷо кушта шуданд. Танҳо шавҳари як нафарашон ба марг бо истифодаи барқ маҳкум шудааст.

Саргузашти ҳамаи онҳо гуногун мебошад. Бархеашон изҳор доштаанд, ки аз пайвастани шавҳаронашон ба “ДОИШ” огоҳ будаанду ба қисмеи дигар ҳамсаронашон гуфтаанд, ки дар ин ҷо кор ёфтаанд ё ба хабаргирии дӯстон мераванд.

Маҳкумшудагон изҳор доштаанд, ки ҳеч имкони фирор аз “ДОИШ”-ро надоштаанд, танҳо Хадичаи Файзиддин гуфтааст, ки боре талоши фирор кард, аммо боздошт гардиду чанд муддат ҳабс шуд.

Ба навиштаи The Times додгоҳ талоши назаррасе барои таҳқиқу тасдиқи саргузаштҳои ин занонро накард.

Дидбони ҳуқуқи башар, “Human Rights Watch” аз шеваи мурофиаи ҳамсарони собиқ ҷангиёни “ДОИШ” дар Ироқ интиқод карда, изҳор доштааст, ки додгоҳ ҳолатҳои инфиродии ҳар судшавандаро ба назар намегираду мурофиаи мунсифонаро таъмин накардааст. Ин ниҳод изҳор доштааст, ки нисбати занон новобаста аз вазъу ҳолатҳои инфиродӣ як гуна ҷазо татбиқ мегардад.

Надим Ҳурӣ, намояндаи “Human Rights Watch” изҳор доштааст, ки бархӯрди додгоҳ бо онҳое, ки дар куштор даст доштаанду онҳое, ки танҳо ҳамсари ҷангиён будаанду фарзанд таваллуд кардаанд, як хел аст. Ӯ таъкид намудааст, ки бо чунин роҳ адолат барқарор намешавад ва Ироқ бояд шеваи муносиботашро бозбинӣ кунад.

The Times навиштааст, ки феълан ҳудуди 600 зан аз 20 кишвари дунё ва 1200 кӯдак дар Бағдод дар боздошт мебошанд ва тақдирашон норӯшан боқӣ мондааст.

554
Барчаспҳо:
ҳукм, мурофиа, ҳамдастӣ бо ДОИШ, Тоҷикистон-Ироқ