Саидмукаррам Абдулқодирзода. акс аз бойгонӣ

Абдулқодирзода дар бораи эҳтимоли хунрезӣ: ҳеч Ҳукумат бо мардумаш муноқиша намекунад

435
Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо нашри як матлаб иддао дар бораи эҳтимоли хунрезӣ дар ВМКБ-ро бепоя хонда, таъкид намудааст, ки ҳеч Ҳукумат бо мардумаш муноқиша намекунад

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik.  Абдулқодирзода бо нашри як матлаб дар сомонаи Шӯрои уламои Маркази исломӣ, ҳар нафареро, ки дар мавриди Бадахшон бад мегӯяд, иғвогару фитнакор хондаст.

“Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва миёни мардум шахсони фитнаангез ҳар гуна сарусадоҳоро оид ба он ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гӯё вазъ буғранҷ бошад, паҳн мекунанд, ки дар шароити феълӣ басо падидаи хатарнок мебошад. Баъди вохӯрии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону сокинони Хоруғ дар Бадахшон вазъият муътадил шуда истодааст. Инро мо аз васоити ахбор ҳамарӯза мебинем ва бо андешаҳои мардуми ин маҳал шинос мегардем. Сухан дар бораи халъи силоҳи гурӯҳҳои ғайриқонунӣ меравад, ки як раванди одии давлатдорист. Тартиботи ҷамъиятӣ барои ҳама бояд як хел бошад, чӣ дар Бадахшон ва чӣ дар Суғду Хатлон. Ҳар қадар силоҳи ғайриқонунии дар дасти баъзе ашхос мавҷудбуда ба мақомоти ҳуқуқ зудтар супорида шавад, ҳамон андоза мардум осуда зиндагӣ хоҳанд кард”, - изҳор доштааст раиси Шӯрои уламо.

Ӯ афзудааст, “ҳар гоҳ, ки сухан аз пешрафти давлат равад, чанде аз нотавонбинон  даҳҳо масоили ҳалношударо мисол меоранд ва заррае андеша намекунанд, ки яку якбора ҳал кардани тамоми масоили марбут ба зиндагии шоистаи мардум имконнопазир аст”.

Раиси Шӯрои уламо таъкид намудааст, ки Бадахшон як пораи хоки Тоҷикистон аст ва ба ҷуз чанд иғвоангезу фитнакор касе аз мардуми одӣ оид ба ин вилояти кӯҳсор сухани бад намегӯяд.

Дар мавриди иддаои гуруҳҳое, ки худро мухолифи Ҳукумати Тоҷикистон эълон карда, аз вазъи буҳронӣ дар ВМКБ ва эҳтимоли хунрезию кушторҳои шаҳрвандони бегуноҳ ҳушдор додаанд, Абдулқодирзода онро бепоя хондааст.

“Дар ақли кӣ меғунҷад, ки ҳукумат дар сарзамини худаш, бо мардуми худаш муноқиша мекунад?” – суол гузоштааст раиси Шӯрои уламо.

Ӯ таъкид намудааст, ки вазъ дар ВМКБ муътадил шуда, дар меҳвари сиёсати давлатӣ, Тоҷикистони воҳид ва пешрафта мебошад.

435