Боздоштгоҳ, акс аз бойгонӣ

Танаффус дар истирдод: футболбози ришдори тоҷик аз Белорус паноҳандагӣ хостааст

143
(Таҷдидшуда 18:03 07.11.2018)
Парвиз Турсунов, футболбози собиқи тими “Хайр”-и Ваҳдат, ки бо риши дароз дар Тоҷикистон шинохта шуд, аз Белорус паноҳандагӣ хостааст

ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Турсунови 43-сола, ки дар Ватан ба ифротгароӣ муттаҳам мешавад,  моҳи сентябр дар Белорус боздошт гардид. Тибқи иттилои хабаргузории ТоҷикТА дар пайи дархости Турсунов барои паноҳандагӣ масъалаи истирдоди ӯ ба Тоҷикистон то 40 рӯз мутаваққиф гузошта мешавад ва тайи ин муддат хоҳиши паноҳандагияш баррасӣ мегардад.  

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, агар Белорус ба Турсунов паноҳандагӣ надиҳад, кишварҳои дигаре пайдо хоҳанд шуд, ки ӯро таҳти ҳимояти байналмилалӣ мегиранд. Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ - Human Rights Watch ва  Кумитаи Ҳелсинкӣ алайҳи истирдоди Турсунов ба Тоҷикистон изҳорот доданд.

Қаблан Sputnuk Белорус иттилоъ дод, ки Парвиз Турсунови 43-сола 18 сентябр дар фурудгоҳи Минск боздошт шуд.

Мақомоти Белорус  ҳамсару чаҳор кӯдаки ноболиғашро ба Украина фиристодаанд.

Манбаъ афзуд, ки Парвиз Турсунов дар феҳрасти афроди мавриди ҷустуҷӯ қарор дошта, дар Тоҷикистон ба  ифротгароӣ муттаҳам мешавад.

Парвиз Турсунов дар гузашта яке аз бозигарони калидии дастаи "Хайр”-и Ваҳдат буд. Исми ӯ 8 сол пеш ба далели бо риши дароз ба майдон баромаданаш расонаӣ шуд.  Мураббиёни дастаи "Хайр” бо ишора ба дастури Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Парвиз Турсунов шарт гузоштанд, ки ё ришашро бигирад, ё дигар ба машқҳо ва бозиҳои расмӣ роҳ дода намешавад. Аммо соли 2011 вай тимашро тарк кард.

Гуфта мешавад, ки дар сурати истирдодаш ба Тоҷикистон ба ӯ то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

143