Юлдуз Усмонова

Шарҳи расмии тӯй бо Юлдуз Юсмонова дар ҳалқаи афроди мусаллаҳ бо автомат (ВИДЕО)

1179
Вазорати умури дохилии Қазоқистон ҳунарнамоии овозхони маъруф Юлдуз Усмоноваро дар иҳотаи афроди мусаллаҳ бо автомат дар як тӯй дар вилояти Туркистони ин кишвар шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik.  Алмос Садубоев, сухангӯи ВУД Қазоқистон, дар суҳбат бо Sputnik гуфт, афроди мусаллаҳ кормандони як ожонсии муҳофизатӣ будаанд, ки тӯйдор барои таъмини амнияти маърака кироя кардааст.

Ба гуфтаи Садубоев, алайҳи ожонсии мазкур барои нақзи қоидаҳои истифодаи силоҳи хидматӣ санади маъмурӣ тартиб дода шуд. Инчунин санҷиши ғайринавбатии фаъолияти ожонсии муҳофизатии мазкур дар назар аст.

Навори тӯйе, ки дар он Юлдуз Усмонова дар ҳалқаи афроди мусаллаҳ бо автомат овозхонӣ мекунад, ахиран дар интернет нашр гардид ва сарусадои зиёдеро дар пай дошт.  

1179