Бинои Додгоҳи олии Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Баъди 20 сол: Додгоҳи олӣ муттаҳамон дар қатли сокини Раштро ба 62 соли зиндон маҳкум кард

866
(Таҷдидшуда 01:22 21.12.2018)
Додгоҳи олии Тоҷикистон Ятимов Мадад Искандарович, Қаҳҳоров Иброҳим Гадоевич ва Абдураҳмонов Сайидмурод Саидраҳмоновичро барои куштори беш аз 20 соли пеш дар Рашт ба 62 соли зиндон маҳкум кардааст

ДУШАНБЕ, 21 дек – Sputnik. Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, афроди номбурда дар ҳайати гурӯҳи муташаккил, 20 сентябри соли 1998, тахминан соати 02-00 Акбар Маҳмадов, сокини ноҳияи Рашт, ҷамоати деҳоти Қалъанак, дехаи Ялдамичро бо бераҳмии махсус куштаанд.

“Бо истифодаи силоҳи оташфишони тамғаи “Калашников” бо бераҳмии махсус, бо тарзи ба ҳаёти мардуми зиёд хавфнок ба узвҳои ҳаётан мухими бадани соҳибхона  4-5 маротиба тир парронда, охиронро ба қатл расонидаанд”, -  омадааст дар иттилоияи додситонӣ.

Ба иттилои манбаъ, Додгоҳи олӣ дар пайи баррасии парванда Ятимовро ба 22 сол ва  Қаҳҳорову Абдурахмоновро барои 20 солӣ равонаи зиндони низомаш сахт кардааст.

866