Курдҳо аз боздошти Муҳаммад Давлат, ҷангҷӯи тоҷики “ДОИШ” хабар доданд

579
Нерӯҳои худдифои курдҳои Сурия – “YPG” аз боздошти 8 ҷангҷӯи созмони террористии “ДОИШ”, аз ҷумла як шаҳрванди Тоҷикистон хабар додаанд

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Миёни боздоштшудаҳо шаҳрвандони Русия, ИМА, Олмон, Украина, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Узбакистон мебошанд, навиштааст РИА Новости бо такя ба сомонаи “YPG”.

Манбаъ афзудааст, ки ҷангҷӯёни боздоштшуда қасди ҳамла ба шаҳрвандони мулкӣ дар қисмати шаҳри Ҳарҷинро доштаанд, аммо зимни амалиёти махсус рӯзҳои 6-7 январ дастгир шудаанд.  

Дар феҳрасти боздоштшудаҳо Муҳаммад Давлат, шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон низ зикр шудааст.

Одил Раҳимови 58-сола ва Фарҳод Қодирови 28-сола аз Узбакистон, Аскар Зарманбетови 27-сола аз Украина, Сатибек Ошибоеви 30-сола аз Қазоқистон, Бимураев Бегҷони 30-сола аз Русия, Лукас Гласи 31-сола аз Олмон ва Сулай Ноа аз ИМА низ шомили рӯйхати боздоштшудаҳо аз сӯи курдҳо мебошанд.

Боздошти ҷавони тоҷикистонӣ дар ҳолест, ки тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон то сентябри соли 2018 шумораи умумии ҷангиёни ба ном “Давлати исломӣ” аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон 1899 нафарро ташкил медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, акс аз бойгонӣ
Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

Аз теъдоди умумии аъзои гурӯҳу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ 424 нафарро шаҳрвандони аз 35 то 40 — сола, 367 нафарро аз 30 то 35 — сола, 917 нафарро аз 25 то 30 — сола, 696 нафарро аз 20 то 25 — сола ва 39 нафарро аз 17 то 20 — сола ташкил медиҳанд.

Бар асоси иттилои КДАМ, афроде, ки шомили ин ташкилоти террористӣ шудаанд, аз шаҳри Душанбе — 239 нафар, минтақаи Бохтари вилояти Хатлон — 253 нафар, аз ҷумла, ноҳияи Кушониён — 67, Қубодиён — 74, Шаҳритуз -76, Ҷ.Балхӣ — 36 нафар, минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон — 136 нафар, аз ҷумла, шаҳри Кӯлоб — 99, ноҳияи Фархор — 37 нафар,  вилояти Суғд — 264 нафар, аз ҷумла, шаҳри Исфара — 111, Истаравшан — 84, Бӯстон — 12 ноҳияи Спитамен — 35, Конибодом — 22 нафар ва аз ВМКБ, ноҳияи Ванҷ - 37 нафар, аз НТМ — 328 нафар, аз ҷумла, шаҳри Ваҳдат — 128, Турсунзода — 39 нафар, ноҳияи Рӯдакӣ — 107 ва Шаҳринав — 54 нафар мебошанд.

579
Барчаспҳо:
Сурия, курд, ҷангҷӯ, боздошт, Тоҷикистон-ДОИШ